Омбудсмени Тоҷикистон хулосаҳои Амрико дар бораи ҳуқуқи инсонро намепазирад

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевПресс-конференция Уполномоченного по правам человека в Таджикистане
Пресс-конференция Уполномоченного по правам человека в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бо гузориши вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар комилан розӣ нест
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Умед Бобозода, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкилд дошт мақомоти Амрико маълумотҳоро аз сарчашмаҳои дақиқ намегиранд ва маълумотҳои онҳо ба Тоҷикистон фарқият доранд.
"Он коре, ки ҳукумат дар ҷодаи ҳуқуқи инсон анҷом медиҳад, нодида мегиранд. Аз сарчашмаҳои дуруст иттилоъ намегиранд."
Вай афзуд, ки Амрико корҳои анҷомдодаи ҳукумати Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон нодида мегирад.
Ҷаноби Бобозода, қайд кард, ки ба гузориши вазорати хориҷаи Амрико оид ба ҳуқуқи инсон комилан розӣ нест ва ба ин вокуниш кардааст.
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Дар даст силоҳ: Омбудсмен гуфт, соли 2020 ноболиғон чӣ қадар ҷиноят содир кардаанд
Ёдрас мешавем, ки гузориши Амрико дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2020 рӯзи 30-юми март дар сомонаи Департаменти давлатӣ нашр шуда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико моҳи марти имсол дар гузорише Тоҷикистонро ба хотири рабудани мухолифин дар хориҷа, шиканҷаи боздоштшудаҳо, таҳдид ба фаъолону рӯзноманигорон ва маҳдудияти озодии баёну ақида танқид кард.
Муаллифони гузориш Тоҷикистонро “давлати худкома” номида, гуфтанд, ҳарчанд дар Конститутсияи Тоҷикистон гуногунҳизбӣ таъкид шудааст, ҳукумат солҳо боз гуногунандешии сиёсиро маҳдуд кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала