Палатаи ҳисоб аз даҳҳо миллион зарар ба давлат гуфт: 97 фисадаш барқарор шуд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗдание счетной палаты Республики Таджикистан
Здание счетной палаты Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Палатаи ҳисоб мегӯяд, давоми ним сол дар пайи санҷишҳоии аудитӣ 83,2 миллион сомонӣ зарари молиро ошкор кардаанд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Файзалӣ Аҳмадзода, муовини раиси ин ниҳод имрӯз, дар нишасти хабарие гуфт, ин зарар дар пайи изофанависӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ расидааст.
Ба иттилои манбаъ, аз маблағи мазкур хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 19,4 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,2 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 7,5 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 763,0 ҳазор сомониро ошкор кардаанд.
Автобусы в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
"Беш аз 1 миллионро аз худ кард": парвандаи Баҳоваддинов, мансабдори баландпояи Хуҷанд
Гуфта мешавад, талафи воситаҳои пулию молӣ 2,7 миллион сомонӣ, маблағҳои камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷет 51,3 миллион сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта бошад 151 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфти Аҳмадзода ин ошкорсозиҳо дар натиҷаи 142 санҷиш дар вазорату идораҳо сурат гирифтааст.
Муовини раиси Палатаи ҳисоб гуфт, миқдори маблағи зикргардида, товони зарари молиявӣ ба маблағи 80,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 39,0 миллион сомонӣ, ба корхонаҳо 16,6 миллион сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25,0 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст, ки 97 фоизи маблағи умумии зарари молиявиро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала