Кор фармуду пул надод: Намояндагӣ 10 миллион рубли муҳоҷиронро баргардонид

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксМонеты и денежные знаки, архивное фото
Монеты и денежные знаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
88 муҳоҷири тоҷик ба Намояндагии Вазорати меҳнат муроҷиат кардаанд, ки дар баргардонидани маблағҳояшон аз корфармо мусоидат кунанд
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия бештар аз 10 миллион рубли муҳоҷирон аз ҷониби корфармоён пардохт гардидааст.
Дар ин бора Намояндагии вазорат дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар нимсолаи аввали соли 2021 ба намояндагӣ 88 шаҳрванди Тоҷикистон - муҳоҷирон муроҷиат карда, дархост намуданд, ки дар баргардонидани маблағҳояшон аз корфармоҳо мусоидат кунанд.
Музди маоши онҳо бо маблағи 14 миллиону 544 ҳазору 681 рубли русӣ муодил ба 2 миллиону 181 ҳазору 702 сомонӣ пардохт нашуда будааст.
"Дар ин давра аз ҷониби Намояндагӣ 10 миллиону 950 ҳазор рули русӣ, яъне 75,3% маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ бозгардонида шудааст", - меафзояд манбаъ.
24,7дар сади боқимондаи маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Намояндагӣ муроҷиат намудаанд, дар баррасии мақомотҳои марбутаи Русия қарор доштааст.
Мигранты в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
"Созишномаи садоқат" барои муҳоҷирон дар Русия чӣ навгонӣ меорад
Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия таъкид мекунад, ки бо корфармоёни хурду бузуруг, вазорату идораҳо, мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шарикони иҷтимоӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст.
Гуфта мешавад, барои фароҳамоварии шароити корӣ, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро пайваста роҳандозӣ менамояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала