Русия пешниҳоди оташбаси Толибонро мусбат арзёбӣ кард

© Sputnik / Александр НатрускинСпециальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов
Специальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Дипломати рус аз пешниҳоди оташбас дар Афғонистон истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 15 июл - Sputnik. Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар Афғонистон, мудири шӯъбаи дуввуми Осиёи вазорати умури хориҷии Русия, дар бораи эълони оташбас дар Афғонистонро шарҳ дод.
Намояндаи вазорати умури хориҷаи Русия изҳороти Толибонро дар бораи оташбаси се моҳа мусбат арзёбӣ кард.
"Мо хоҳони оташбаси на се моҳа, балки муддати тӯлонитар ҳастем" - гуфт Кобулов дар суҳбат бо РИА Новости.
Чанде пеш намояндагони Толибон* ба мақомоти Афғонистон пешниҳод карданд, барои се моҳ оташбас эълон шавад.
Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Баъд аз задухӯрдҳои шадид дар вилояти Бодғис гурӯҳи Толибон оташбас эълон карданд
Шарти оташбас метавонад раҳоии 7000 маҳбус ва хориҷ шудани ин гурӯҳ аз рӯйхати сиёҳи СММ бошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 Вашингтон ва Толибон* дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳро дар тӯли беш аз 18 соли ҷанг имзо расонданд, ки тибқи он нирӯҳои ИМА бояд Афғонистонро тарк кунанд ва мақомоти ҷумҳурӣ бояд бо ҷангҷӯён гуфтугӯ ва дар бораи мубодилаи маҳбусон музокирот намояд.
Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон *, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, давоми чанд ҳафта задухӯрди шадид ҷараён дорад.
Ноамнӣ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров онро эътирофи нокомии рисолати онҳо номид, афзоиш меёбад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала