Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Шаллоқистон": таъқиби як ҷавони ошиқ аз сӯи "Толибон"* ва "андоз" - и ғалатӣ

© REUTERS / Jalil AhmadМужчины с оружием в руках в Афганистане
Мужчины с оружием в руках в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Обуна шудан
НовостиTelegram
Зиндагӣ дар Афғонистон ширин нест, бар замми ин барои сокинони қаламравҳои ғасбшуда "Толибон"* "армуғонҳо" оварданд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар ҳамагуна қиссаҳои ошиқӣ ду қаҳрамон ва як бадкирдоре ҳаст, ки барои васли онҳо монеа эҷод мекунад. Дар Афғонистон нақши қаҳрамони палидро "Толибон"* мебозанд.
Насир Аҳмад, ҷавоне аз вулусволии Алиободи вилояти Кундузи Афғонистон аст, ки ҳоло дар Кобул ба хонасомонӣ – хизматгорӣ дар манзили як тоҷири ҳамшаҳриаш машғул аст.
Ӯ даҳ рӯзи қабл ба ин далел ки қиссаи ошиқиаш пеши "Толибон"* ошкор шудааст, рӯ ба фирор оварда, худро ба Кобул расонидааст, шаҳре, ки ҳудуди шаш миллион нуфуз дорад ва таҳти назорати ҳукумат аст.
“Ман Райҳонаро девонавор дӯст медоштам. Мехостам ӯро хостгорӣ кунам. Падарам тоҷири хурдест, ки аз баракати тиҷорати хурдаш мо як зиндагии мутавассите дорем. Аммо касе ба "Толибон"* бадгӯӣ кардааст, ки ман бо Райҳона равобити номашрӯъ дорам. Фақат чанд лаҳза қабл аз омадани онҳо ба манзили мо як нафар ин хабарро ба ман расонд. Ман фирор кардам. Онҳо ба хонаи мо омада, маро пайдо намекунанд. Аз падарам мехоҳанд, ки агар ҷарима насупорад, дарра зада мешавад. Падарам маҷбур пул дода, ҷонашро халос мекунад”, - гуфт Насир Аҳмад.
Афғонистон дар оташи ҷанг: Толибон* кадом минтақаҳоро гирифтанд
Вай аввал ба Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон, ки яке аз хешовандонаш он ҷо зиндагӣ мекард, омад. Аммо аз тарси ин ки дар ин ҷо низ "Толибон"* ба ӯ мерасанд, худро ба Кобул гирифт, ҷое, ки касе ӯро намешиносад.

"Ҳамон хару полони дигар"

Қиссаи ошиқӣ танҳо нуктаи ҷолибе нест, ки Насир Аҳмад ба Sputnik Тоҷикистон қисса кард. Вай гуфт, вақте "Толибон"* Алиободро гирифтанд, назми зиндагӣ дар деҳа тағйир кард. Аввалин қонуне, ки онҳо ҷорӣ намуданд, маҳдудиятҳои ҳаракати занон дар вулусволӣ буд.
"Се тани онҳо бо лаудспикар (баландгӯ) – ҳо савори мошин кӯча ба кӯча гашта, эълон мекарданд, ки зан дигар ҳақ надорад танҳо аз хона берун шавад, агар ҳам шуд, бояд ҳамроҳаш як мард ва он мард ҳам маҳрам бошад. Духтарон ҳам дигар ҳаққи мактаб рафтан надоранд”, - гуфт Насир Аҳмад.
Вай мегӯяд, пас аз омадани "Толибон"* масҷидҳо аз намозгузорон пур шуданд ва ҳангоми намоз дар кӯчаҳо ягон нафарро намешуд дид: ҳама бояд намоз гузоранд, вагарна шаллоқ хоҳанд хӯрд.
Афганская женщина с тремя детьми  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
КДАМ аз фирори 77 қирғизи Афғонистон ба Мурғоб хабар дод
“Падарам қисса мекунад, ки солҳои 90 – ум низ "Толибон"* ҳамчунин қавонини шадид доштаанд. Агар касе онҳоро нақз мекард, зиндонӣ мешуд ё бо шаллоқ хӯрдан раҳоӣ меёфт. Аммо ин Толибон, ба қавли падарам, он қадар сахтгир наменамоянд ва ин ҳам шояд то замоне бошад, ки ҳукуматашон тақвият ёбад", - қисса мекунад ӯ.
Насир Аҳмад "Толибон"* -и солҳои 90 – ро фақат аз қиссаҳои падараш медонад, зеро ӯ ҳамон соле ба дунё омадааст, ки гилеми онҳо дар Афғонистон дар пайи ворид шудани нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ бо раҳбарии Амрико барчида шуд.
Аз ин хотир, ӯ онҳоро фақат аз рӯи нақли падар мешиносад, ки мегӯяд, ин "Толибон"* он толибҳои солҳои 90 нестанд, аммо чӣ гуна хоҳанд буд, ин ҳам маълум нест.
Солҳои 90 – ум "Толибон"* қонуну қоидаҳои ғалатиеро дар Афғонистон ҷорӣ карда буданд, ки то ба ҳол касе аз онҳо сар дар намеорад. Аз ҷумла, онҳо тамошои телевизиону гӯш кардани мусиқиро манъ карданд ва дар саросари кишвар дастгоҳҳои телевизиону радио ва магнитофон дида мешуданд, ки дар дарахтҳо ба “дор” кашида шуда буданд.

"Андоз" – и толибӣ

Аммо Насир Аҳмад як қиссаи ҷолиби дигаре кард. Бино ба нақли ӯ, як рӯз баъд аз намози чошт дарвозаи хонашон тақ – тақ шуд. Вақте боз кард, як марди бо қиёфаи аҷибу ваҳмангезеро дид, ки мӯҳои дарозу парешон дошт ва вақте ҳарф мезад, дида мешуд, дандонҳояш сиёҳӣ задаву ҷо-ҷо афтида буданд.
“Вай бо лаҳни омирона гуфт, имшаб навбати хонаи шумо аст ва барои ҳудуди даҳ нафар аз муҷоҳидин як нон (зиёфат) - и хубе омода кунед. Неву нестон накарда, гуфтам, дуруст аст. Рафт. Ман омадам ва ба падарам хабар додам. Ӯ ба ман дастур дод, ки бозор равам, гӯшту дигар чизҳо харидорӣ кунам. Модарам як қобилӣ (навъе палав дар Афғонистон) - и хубе омода кард. Бегоҳ пас аз намози шом воқеан як гуруҳи "Толибон"* омаданд. Даромаданд, нишастанд, хӯрданду ба падарам “Худо хайратро қабул кунад” гуфта, рафтанд”, - қисса мекунад Насир Аҳмад.
Таджикистан принял беженцев из Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Ҳукумат навори қабули гурезаҳои афғонро нишон дод – видео
Ин кори "Толибон"* -ро мардум “андоз” ном кардаанд. Андоз ин аст, ки "Толибон"* ба сокинони маҳалли ғасбкардаашон супориш медиҳанд, як зиёфат омода кунанд, то ба истилоҳ, “муҷоҳидин” хӯроки субҳу зуҳр ва шомашонро хӯрда бошанд.
“Афроди сарватмандтар барои теъдоди бештари онҳо дар масҷидҳо зиёфат таҳия мекунанд. Ҳеҷ кас – чӣ фақир ва чӣ сарватманд – ҳақ надорад, ки аз андоз саркашӣ кунад. Агар кард, шаллоқ мехӯрад”, - қисса мекунад Насир Аҳмад.
Аммо як ҳамсояи фақири онҳо сарнавишти талхтаре доштааст. Вақте "Толибон"* ба хонаи онҳо андохт мекунанд, ҳамсояашон зиёфат карда наметавонад ва бо иттифоқи ҳамсару писараш аз сӯи "Толибон"* латукӯб мешавад.
“Бечора мӯйсафеди фақирест ва ҳам мариз буд. Аз тарс рад намекунад. Ба чанд дар сар мезанад, ки қарз гирад, касе намедиҳад. Хонаи мо ҳам омад, аммо падарам ҳузур надошт ва пул ҳам дар дасти ӯ буд. Вақти шом "Толибон"* меоянд, маҷбур пеши онҳо нону чой мегузорад. Онҳо ба хашм омада, ӯро шаллоқ мезананд. Писараш ба халосии падари маризаш омад, ӯро ҳам шаллоқ заданд. Модари писар чун мебинад, шавҳару писарашро мезананд, низ вориди саҳна шуд ва ба зориву тавалло даромад. Фикр кард, ки зан аст, ба ӯ ғараз намегиранд. Аммо аз куҷо? Ӯро ҳам шаллоқ заданд. Як маҳшаре буд он рӯз. Ҳамсояҳо ҳамаро медиданду мешуниданд, аммо коре аз дасташон намеомад, чун "Толибон"* гапро намефаҳманд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Қонуни пул

Бахти Насир Аҳмад хандид, ки ба дасти "Толибон"Қонуни пул науфтод. Аз нигоҳи "Толибон"* писару духтари ҷавон ҳақ надоранд то никоҳ якдигарро бубинанд ва ҳар касе хилофи ин коре кард, сахт муҷозот мешавад: писару духтарро ё шадидан шаллоқ, ё хеле ба содагӣ сар мезананд.
Аммо ҳоло дида мешавад, ки падари Насир Аҳмад бо пардохти пул ҷони худу писарашро харид.
П/к делегации политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Барои чӣ набояд ба ваъдаҳои "Толибон"* бовар кард: посухи сиёсатшинос
“Ба ман хабар доданд, ки "Толибон"* ба сари Райҳона ҳам рафтаанд ва падари ӯ низ бо пардохти пул ҷони худу духтарашро халос кардааст. Аммо ҳоло ҳам бароям ҷолиб аст, ки чӣ касе ба онҳо аз ишқи ману Райҳона гуфтааст? Ману ӯ на фақат ҳеҷ робитае надоштем, балки як ду бор якдигарро аз дур дида будем. Ман ба як дӯсти наздикам аз ишқи худ ба Райҳона гуфта будам. Ҳоло ҳеч боварам намеояд, ки ин дӯстам оё маро фурӯхтааст ё ин шӯхии аҳмақонаро бо ман кардааст?” – мегӯяд Насир Аҳмад.
Лаҳзае, ки ин гузориш омода мешуд, нерӯҳои ҳукумати Афғонистон вулусволии Алиободро озод карданд. Ин як хабари хуш барои Насир Аҳмад аст.
Аммо ӯ оё тасмими бозгаштро хоҳад гирифт?
* - ҷунбиши радикалии манъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0