Дар Тоҷикистон теъдоди нашъамандон афзудааст: занон ҳам ҳастанд

© Sputnik / Жоомарт УраимовЖенщина в платке
Женщина в платке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор нашъаманд ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли равон шумораи ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 - 25% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Агентии назорати маводи нашъаовар.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Агентӣ, дар кишвар беш аз 5 ҳазор нашъаманд расман ба қайд гирифта шудаанд, ки тақрибан ҳамаи онҳо мардон мебошанд.
Дар байни онҳо 109 зан низ ҳаст.
Дар мавриди синну соли нашъамандон бошад, онҳо аслан ҷавонони аз 35 то 50-сола мебошанд.
Уничтожение наркотических средств, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Афъюн каму бангдона зиёд: Агентӣ гуфт дар як сол чӣ қадар маводи мухаддир мусодира шуд:
Манбаъ инчунин қайд мекунад, ки имсол дар Тоҷикистон 13,8 ҳазор ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст.
Дар баробари ин, танҳо аз аввали сол аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 1,6 тонна маводи мухаддир гирифта шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта (ё 510 кило) 43% зиёдтар аст.
Афзоиши ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон
Тибқи иттилои роҳбари агентӣ генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода, кормандони Агентӣ беш аз 200 кило маводи мухаддир: ҳероин, афюн, ҳашиш, бангдона, моддаҳои психотропӣ ва лавҳаву хокаи синтетикӣ кашф карданд.
Дар 6 моҳи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон ҳаҷми мусодираи бангдона ва ҳашиш афзудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала