Аҳмадзода истеъфои директори бошгоҳи футболи “Хуҷанд”-ро напазируфт

© © ФФТДиректор ФК "Худжанд" Мурод Умаров
Директор ФК Худжанд Мурод Умаров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Мурод Умаров, мудири бошгоҳи футболи “Хуҷанд” дар вохурӣ бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят масъалаи ба истеъфо рафтанашро дар миён гузошт, вале он пазируфта нашуд
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Аҳлиддин Юнусов, котиби ФФ Суғд, дар таъйиди ин иттилоъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар вохурии дирӯз Умаров хост аз кор дар мақомоаш канор равад, вале он аз ҷониби Аҳмадзода қабул нагардид, балки таъкид шуд, ки директори бошгоҳи футболи “Хуҷанд” вазифаҳои дар назди даста гузошташуда иҷро гардад.
“Раиси федератсияи футболи Суғд дар посух ба ин пешниҳоди Умаров гуфтанд, ки ҳоло вақти тарк кардан нест, балки вазифаҳои дар назди даста гузошта ба иҷро расонида шавад”, - гуфт Юнусов.
Зимнан сабаби пешниҳоди ба истеъфо рафтани Мурод Умаров, директори КФ “Хуҷанд” маълум нест. Вале баъзе аз мухлисон дар пайи тарк намудани чанде аз футболбозони ин даста аз ҷумла Фирдавс Чақалов ва Максим Грек талаби ба истеъфо рафтани директори клубро кардаанд.
Раджаббой Ахмадзода, глава согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2020
Аҳмадзода барои дастаи "Хуҷанд" 2,5 миллион ҷудо карду гуфт аз Лазаревич чиро интизор аст
Дар пайи тарк намудани чанде аз футболбозони калидӣ, ҳатто мурабии дарвазобон ҳам аз кор дар тими футболи “Хуҷанд” даст кашидааст.
Мухлисони дастаи футболи “Хуҷанд” дар шабакаҳои иҷтимоӣ иброз намудаанд, ки дар ҳоле, ки сарнавишти даста дар чанд бозии дар пешистода рақам зада мешавад, набояд директори клуб барои рафтани футболбозон рухсат медод.
Алҳол дастаи“Хуҷанд” дар 12 бозӣ, 8 маротиба пирӯз шуда аз рӯи таносӯби голҳояш дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон қарор дорад.
Умаров аз соли 2018 ба ин тараф директори клуби футболи “Хуҷанд” аст.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2020
Сад ҳазор сомонӣ туҳфаи Аҳмадзода ба дастаи "Хуҷанд" баъди ғалаба бар "Нефтчӣ"
Баъзе аз мухлисони футбол сабаби пешниҳоди истеъфо аз ҷониби Умаровро ба мушкили молиявии даста рабт медиҳанд. Аммо ин дар ҳолест, ки КФ “Хуҷанд” аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд дастгирии молӣ меёбад.
Ҳукумати Суғд ба ҷузъ дастаи “Хуҷанд” то ҳол барои фаъолияти ягон тими футболи шаҳру навоҳӣ маблағгузорӣ накардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала