Болеян Чоршанбиевро буғӣ кард: ӯ ҳатто "тап-тап" накард - видео

Обуна шудан
Дар Сочи миёни размикорони ММА Азизхон Чоршанбиеви тоҷикистонӣ ва Морис Болеяни арманӣ рақобат баргузор шуд
Ин муҳориба дар доираи сабқати AMC Fight Nights, рӯзи 15 июл баргузор шуд.
Рақобат миёни ду размикор шадид сурат гирифт ва беш аз 6 дақиқа идома кард.
Ҳарду варзишкор ҳам дар давоми ин рақобати сангин ҷасуру чолок буданд.
Вале дар охир Морис Болеян сари Чоршанбеивро миёни пойҳояш сахт дошт ва ӯро буғӣ кард.
Чоршанбиев аз маҳалчигӣ гуфту тоҷиконро ба иттиҳод даъват кард: Тоҷикистонро дӯст медорам
Аз навор дида мешавад, ки дар ин лаҳза Азизхон ҳатто "тап-тап" ҳам накард ва бо ишораи Болеян довар бозиро қатъ кард.
Морис Болеян 22 сол дошта дар панҷ муҳориба 5 бор ғолиб омадааст.
Азизхон Чоршанбиев варзишкори 23-сола дар фаъолияти варзишиаш 6 бор вориди октагон шуда ягон бор мағлуб нашудааст. Ин бохти нахустини ӯ мебошад.
Ногуфта намонад, ки Азизхон Чоршанбиев бародари хурдии варзишкори номӣ Чоршанбе Чоршанбиев мебошад.
Ёдрас мешавем, ки яке аз муҳорибаҳои деринтизори Чоршанбе Чоршанбиев ин рақобат бо Доғистонии форс Муҳаммад Ҳайбатӣ, мебошад, ки ниҳоят баъди 1,5 соли кашмакашҳо барои зӯрозмоӣ оиди ин рақобат, созиш шуд.
Аз гӯшгазӣ ба дастфишорӣ: созиши занозании Чоршанбиев ва Ҳайбатӣ - видео
Мунаққидон ё худ “хейтар”- ҳо мегӯянд, поп ММА бештар шоу ва масхарабозӣ аст, на варзиши касбӣ. Таъкид мекунанд, ки ҳамаи амалҳояшон ҳадафмонда ва барои ҷалби таваҷҷуҳ мебошад. Бо вуҷуд таваҷҷуҳи гуруҳи омма ба ин намуди варзиш ва махсусан муноқишаи Чоршанбиев ва Ҳайбатӣ зиёд арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0