Дар Душанбе Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад

Плов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обуна шудан
Аз Фестивал роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ ва сокинону меҳмонони пойтахт боздид менамоянд.
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Дар Боғи Ирами Душанбе хӯрокҳои миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай муаррифӣ мешавад.
Масъулини соҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии СҲШ ва нишасти сарони давлатҳои узви СҲШ Фестивали хӯрокҳои миллӣ баргузор мекунанд.
Праздник плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2020
Дар Бохтар як тонна ош пухтанд
Тавре Вазорати фарҳанг гузориш медиҳад, ҷашнвора бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии ва ҳамкорӣбо шаҳрдории Душанбе баргузор карда мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои СҲШ имрӯз, 16 баргузор мегардад.
Аз он роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ ва сокинону меҳмонони пойтахт боздид хоҳанд кард.
Ҳадаф аз баргузории Фестивал муаррифии анъана ва урфу одатҳои давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз, аз ҷумла, таому хӯришҳои миллии тоҷикӣ ба ҷаҳониён ва таҳкими ҳамкории сайёҳӣ арзёбӣ мешавад.
Ёдрас мешавем, ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16 – 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Лавров встретился с президентом Таджикистана и главами МИД стран ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Душанбе баргузор шуд
Раёсат дар СҲШ-ро соли равон Тоҷикистон ба уҳда дорад. Имсол инчунин ҳамоиши ҷашнӣ - 20-умин солгарди таъсисёбии созмон мебошад.
Имсол барои бори аввал дар Душанбе Анҷумани иқтисодии СҲШ ба нақша гирифта шуда, инчунин ташкили мулоқоти намояндагони бахши сайёҳию расонаҳо дар назар аст.
СҲШ созмони байналмилалие мебошад, ки Тоҷикистон, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0