"Аз хона баромадан намемонад...": Фарзонаи Хуршед дар бораи футболбозӣ бо писараш - видео

© Instagram Farzona KhurshedПевица Фарзонаи Хуршед
Певица Фарзонаи Хуршед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обуна шудан
Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед бо писараш футбол бозид
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Овозхони номдори тоҷик Фарзонаи Хуршед дар саҳифааш дар Instagram ян навори нав нашр кардааст, ки дар он ҳамроҳи писараш футбол мебозад.
Зоҳиран дида мешавад, ки сароянда барои ҳунарнамоӣ омода шудааст ва дар тан пироҳани зебои гӯлобӣ дорад.
Вале, ба гуфти худаш барои писараш фарқ надорад, ки модар чӣ пӯшоке дораду ба ҷое дер мекунад.

"То ман бо ӯ футболбозӣ накунам маро аз хона баромадан намемонад. Барои ӯ фарқе надорад, ки дер карда истодаам ё ин ки лисбоси мувофиқ надорам", - навиштааст Фарзона ва писарашро чемпион хондааст.

Ҳамвандони сароянда аз ин бозии модару писар ба ваҷд омадаанд ва қайд мекунанд, ки модар бояд ҳамингуна бошад.
Мухлисонаш мегӯянд, модар бояд дар тарбияи фарзанди худ аз уҳдаи ҳамаи кор барояд.
Ногуфта намонад, ки Фарзонаи Хуршед соҳиби ду фарзанд як писару як духтар мебошад. Номи духтараш Закия ва писараш Муҳаммад аст.
Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо Фаридун ва "шери нар" - и наваш - видео
Ин фарзандони ӯ ва ҳамсари собиқи Фарзона сарояндаи дигари эстрадаи тоҷик Фаридуни Хуршед мебошад.
Шабнами Сурайё - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Шабнами Сурайё миллионер шуд
Фаридуни Хуршед соли 2019 баъди ҷудо шудан аз Фарзона, бори севум издивоҷ карда буд.
Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксора баргузор гардида, исми ҳамсари севумаш расонаӣ нест.
Рақси Фарзонаи Хуршед ва фарзандонаш корбарони интернетро ба ваҷд овард - видео
Фаридуни Хуршед аз издивоҷи сеюмаш соҳиби як писар аст.
Лентаи хабарҳо
0