Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ёди Раҳмон аз ҳалокати 148 марзбони Тоҷикистон: фаромӯш намешаванд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанВоенная техника вооруженных сил Таджикистана
Военная техника вооруженных сил Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, изҳор дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи ҳифзи марзу бум 148 хизматчии нерӯҳои марзбонӣ ҷони худро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар суҳбат бо хизматчиёни отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” гуфт, мардуму давлат марзбононеро, ки ҷонашонро қурбон карданд, ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.
Барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат, инчунин ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ 148 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон кардаанд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур зимни суҳбат аз ҷонфидоиҳои сарҳадбонон дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки то имрӯз 105 нафари хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҷасорату далерӣ ҳангоми ҳимояи сарҳадот бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Эмомали Рахмон посетил приграничный район  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Президент дар паҳлӯятон”: Раҳмон гуфт, ҷанг карданӣ нест, аммо эҳтиёт бояд кард - видео
Ӯ аз масъулияти бузурги марзбонони тоҷик гуфта, таъкид намуд, ки сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад.
“Яъне сарҳадбонони мо бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз карда истодаанд”, - таъкид кард раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки ҳар пораи хоки Тоҷикистон барои тамоми генералҳо ва афсарону сарбозон азизу муқаддас мебошад ва ҳар як низомии бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург меҳисобад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала