Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Дар Хуҷанд мубориза бо Covid-19-ро ҷиддӣ гирифтанд: оғози безараргардонии кӯчаҳои шаҳр

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудники санитарных служб проводят обработку улиц
Сотрудники санитарных служб проводят обработку улиц  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон доштааст, ки ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии сокинон ҳамарӯза тадбирҳои безараргардонии сартосарӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 16 июля — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, ахиран корҳои безараргардонӣ дар шаҳр бо дастуру супоришҳои раисони ситодҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус роҳандозӣ карда шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, корҳои безараргардонӣ дар кӯчаҳои микроноҳияҳои 31, 32, 33, кўчаҳои Аминҷон Расулов, Фирдавсӣ, Шарқ ва хиёбони Исмоили Сомонӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ анҷом ёфтааст.
“Инчунин корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди бозори марказии “Панҷшанбе”, ки макони серодам маҳсуб меёбад ва мавзеъҳои фароғатию истгоҳҳои нақлиётии ҳудуди он ба роҳ монда шуданд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Мақомоти Хуҷанд риоя нагардидани тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва марказҳои савдою хизматрасонӣ нигарон кардааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки аз сӯи сокинон ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бе масъулиятӣ дида мешавад.
Бори дигар мақомот аз сокинон хоҳиш кардааст гигиенаи шахсию ҷамъиятиро риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала