Пӯшониду кашонид: либоспӯшии Меркел назди як толор одам ҳамаро хандонид

© AFP 2021 / TOBIAS SCHWARZКанцлер Германии Ангела Меркель
Канцлер Германии Ангела Меркель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори маросими ботантана бо иштироки садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс нашр гардид
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар Вашингтон дар Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс маросими супоридани ҷоизаи доктори фахрӣ ба садри аъзами Олмон Ангела Меркел баргузор гардид.
Дар рафти ин маросим ба Мрекел либос низ пӯшониданд, ки боиси хандаи садҳо донишҷӯёну устодоне, ки дар толор менишастанд, гардид.
Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ "машҳур" гашт.
Дар навор дида мешавад, ки чигуна ба Меркел "капюшон" ҳадя мекунанд. Ӯ бо хурсандӣ тӯҳфаи фахриро қабул мекунад ва мехоҳад онро пӯшад, вале...
Меркел авал кӯшиш мекунад, ки сарпӯшро чаппагардон кунад - наметавонад, сипас кӯшиши пӯшидан мекунад - боз наметавонад.
Ба кӯмаки садри аъзам як намояндаи донишгоҳ мешитобад, ӯ низ нахуст либосро нодуруст мепӯшонад ва сипас онро кашида, аз нав дар китфи Меркел ҷой медиҳад.
Ин қазия боиси хандаи як толор тамошобинон мегардад. Меркел баъди баланд шудани садои ханда дар толор лабханд базавқ табассум мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала