Мактабҳои лойии сад соли пеш дар Тоҷикистон: шарҳи Имомзода

© МНОРебенок плачет
Ребенок плачет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди бинои макотибе, ки муҳлаташон барвақт гузаштаасту бояд бозсозӣ шаванд, дар ҷумҳурӣ зиёд аст
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон омори мушаххасе нагуфт, аммо эътироф кард, ки феълан дар ҷумҳурӣ биноҳои мактабҳое ҳастанд, ки ҳанӯз солҳои 20-уми асри гузашта сохта шудааст.
“Биноҳои лойию гилӣ ва биноҳои финӣ ҳастанд, ки барвақт хизматашонро карданд. Солҳои 20, 30, 40 ва 50 –ум сохта шудаанд ва бояд бозсозӣ гарданд”, - иттилоъ дод вазир.
Имомзода изҳор дошт, ки биноҳои нав вобаста ба имкониятҳо сохта шуда истодаанд. Ӯ масъалаи дигарро дар он гуфт, ки теъдоди талабаҳо дар макотиб ба маротиб зиёд шуда истодааст.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
“Бетарбиягии мансабдорон”: Вазир гуфт, канӣ муллоҳоро чунин гӯед
Ӯ теъдоди хатмкунандаҳо ва талабаҳои синфи якро қиёс карда, тавзеҳ дод, шумораи талабаҳое, ки нав ба мактаб меоянд, аз теъдоди ҷойҳое, ки хатмкунандаҳо холӣ мекунанд, ҳудуди сад фисад зиёд мебошад.
Вазир мисол овард, ки масалан дар 5 соли охир 546,9 ҳазор нафар мактабро хатм кардаанд ва 1 миллиону 159 ҳазор талабаи синфи 1 ба мактаб омадааст.
Имомзода таъкид намуд, ки феълан дар ду самт фаъолият доранд, ки ҳам бо бунёди макотиби нав ҷойҳои нишасти талабаҳоро зиёд намоянд ва ҳам макотиби фарсударо таъмиру бозсозӣ намоняд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки ин масъала бо мурури замон ҳал мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала