Мақомоти Гулистон: истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 2 млрд. сомонӣ расид

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМолочный комбинат в Таджикистане
Молочный комбинат в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Гулистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт. Ҳамчунон дар ин минтақа дар шаш моҳи соли равон ду корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси шаҳри Гулистон зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар додааст, ки дар нимсолаи якуми соли 2021 дар корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 2 миллиарду 245 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд.
Тибқи иттилои шаҳрдори Гулистон дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 34,3 фоизро ташкил дод.
Ҳамзамон Бахтиёр Саидаҳмадзода таъкид доштааст, ки дар ин давра ҳамзамон ду корхонаи нави санотӣ таъсис ёфта, ба корхонаҳои саноатии шаҳр 36,1 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2020
Мақомот қоил шуд, ки соҳибкорони шаҳри Гулистон дар ду сол чӣ қадар иншоот сохтаанд
Раиси шаҳри Гулистон ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ аз минтақаи сайёҳӣ будани шаҳри соҳили Баҳри тоҷик ёдовар шуд
Ба гуфтаи вай, дар осоишгоҳҳои ҳудуди шаҳр дар давоми шаш моҳ 13 ҳазор нафар истироҳат намудаанд, ки 379 нафари онҳо меҳмонони хориҷӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0