Оромии қабл аз тӯфон дар Балх ё чаро Кобул хомӯш аст

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARОфицер афганской полиции дежурит на заставе
Офицер афганской полиции дежурит на заставе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ дар Балх мунтазири фармони ҳукумат барои ҳамла ба вулусволиҳои таҳти султаи Толибонанд*, аммо Кобул хомӯш аст
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik, Фахриддини Холбек. Балх, музофот дар шимоли Афғонистон, ки аҳолияшро аксарият тоҷикон ташкил медиҳанд, аз марказҳои асосии муқовимат бо Толибон* мебошад.
Охири моҳи июн ҷангиёни созмони мамнӯъ Балхро ҳадафи зарба қарор доданд, аммо баъди чанде дар пайи задӯхӯрдҳо Толибон* аз мавзеъҳои калидии ин музофот ронда шуданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз фармондеҳони маҳаллӣ ва мақомдорон дар мавриди тавоноияшон суол кард ва оё Кобул, ки даҳсолаҳо алайҳи мухторияти бархе сиёсатмадорони музофотӣ буд, аз нерӯҳои маҳаллӣ пуштибонӣ хоҳад кард.

Сиёсати мина ва булдозер

Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳошим Аҳмадзай, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳошим, фармондеҳи Ҷамъияти исломии Афғонистон дар Балх бо нерӯҳояш дар минтақаи Чилгазии вулусволии Деҳдодӣ мустақар шудааст ва аз муфризаҳо (нерӯҳои марбут ба) Раёсати амнияти миллии Афғонистон маҳсуб мешавад.
Сарбозони ӯ аксаран паштунҳои вулусволии Балхи вилояти ҳамном мебошанд, ки чанде қабл ба дасти Толибон* суқут кард ва Ҳоҷӣ Ҳошим бо иттифоқи нерӯҳояш ба Деҳдодӣ ақиб нишаст.
Вай бовар дорад, ки марҳалаи забтҳои бесобиқа ва суқути вулусволиҳо ба дасти Толибон* ба анҷом расидааст ва фақат як амалиёти густардае лозим аст, то гилеми Толибон* аз минтақа ҷамъ шавад.
Пресс-конференция делегации правительства Афганистана перед вылетам в Доху на межафганские переговоры по миру  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: сулҳ ба Афғонистон бо гирифтани вулусволиҳо намеояд - видео
“Толибон моро ғофилгир карданд. Як моҳи қабл, вақте ҷангҳо ташдид ёфтанд, умедвор будем, ки нерӯҳои давлат посухи онҳоро хоҳанд дод, аммо чунин нашуд, балки бадтар аз он чӣ ки интизор мерафт, иттифоқ афтод: давлат на фақат муқовимат накард, балки вулусволиҳоро ҳатто бе ҷанг таслим кард”, - гуфт Ҳоҷӣ Ҳошим.
Толибон* хонаи Ҳоҷӣ Ҳошимро дар қарияи Сарикути вулусволии Балх комилан тахриб карда, дару тирезаашро канда бурдаанд.
“Дарвозаи ҳавлиамро бо мина парондаанд. Чизу чора ва ҳатто маводи ғизоӣ, аз қабили гандумро чӯру чаповул карданд. Бо афроди ман ҳам тамос гирифта, ҳушдор медиҳанд, ки агар барнагарданд, хонаҳояшонро бо булдозер ҳамвор мекунанд”, - гуфт ӯ.
Дар минтақаи Чилгазии вулусволии Деҳдодӣ нерӯҳои ҳукуматӣ иборат аз сарбозону афсарони пулис, вазорати дифоъ ва Раёсати амнияти миллии вилояти Балх бо иттифоқи нерӯҳои хезиш ё басиҷи миллӣ ҷойгир шуда, таҳти фармондеҳии ягона амал мекунанд. Ин ҷо фақат аз рӯи пӯшоки афроде, ки силоҳ ба даст доранд, мешавад мушаххас кард, ки кӣ ба нерӯҳои ҳукумат тааллуқ дорад ва кӣ ба хезишҳои мардумӣ.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ, бо вазири давлатӣ дар умури сулҳи Афғонистон Саидсаодат Мансур Нодирӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сипоси Афғонистон аз давлати Тоҷикистон барои қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон
Ҳоҷӣ Исмоил Озодӣ, фарзанди Аламхон Озодӣ, яке аз фармондеҳони матраҳи Ҷамъияти исломии Афғонистон аст. Ӯ 25 сол дорад ва ба ҳамин наздикӣ фармондеҳи пулиси вулусволии Деҳдодӣ таъин шудааст.
Вай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вулусволиҳо дар пайи як амри оперативӣ ба Толибон* таслим шуданд, аммо далоилаш маълум нест.
“Ҳоло Толибон* заиф шудаанд. Гоҳо пайдо мешаванду як ду тир андохта, фирор мекунанд. Аз рӯи иттилое, ки аз маҳалҳои забтшуда ба даст меояд, онҳо он қудратеро, ки тавонанд сари мо таарруз кунанд, надоранд”, - гуфт Ҳоҷӣ Исмоил Озодӣ.
Вай мегӯяд, тамоми нерӯҳои зиддитолиб хуб муҷаҳҳаз шуда, руҳияи қавӣ барои озод кардани вулусволиҳоро доранд ва мунтазири фармонанд.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ҳукумати Афғонистон фармони таарруз сари Толибон* дар Балхро намедиҳад? Аммо дар оғози ҳамлаҳо дастур будааст, ки бо Толибон* вориди ҷанг нашаванд, аммо кӣ ин супоришҳоро дод, маъмури пулис мушаххас накард.

Чигуна Афғонистонро метавон озод кард

Устод Ато Муҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки 2 июл раиси Шӯрои низомии басиҷи миллӣ, як ниҳоди иборат аз 9 ҳизбу танзим дар вилояти Балх интихоб шуд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, коре, ки ин шӯро кард, ҷилавгирӣ аз суқути шаҳри Мазори Шариф ва хатми пешравиҳои Толибон* буд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло шаҳри Мазори Шариф аз 5 ва 7 километр бо камарбанди амниятӣ печонида шуда, нерӯҳои Шӯрои низомии басиҷи миллӣ бо иттифоқи қувваҳои ҳукуматӣ дар хатти аввали ҷабаҳот ҷойгир шудаанд.
"Мушкил ин аст, ки вақте вулусволиҳоро озод мекунем, ҳукумат назорати онҳоро ба роҳ монда наметавонад. Озод мекунед, пеш меравед, аммо боз мебинед, ки Толибон* минтақаи озодшударо бо нерӯҳои хеле кам ғасб кардаанд. Як амалиёти густарда дар тамоми шимол зарур аст, ки Толибонро якбора аз ҳама ҷо биронем", - гуфт Устод Ато Муҳаммади Нур.
Специальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Русия пешниҳоди оташбаси Толибонро мусбат арзёбӣ кард
Ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, бино ба тавофуқе, ки миёни раҳбарони ҳукумат ва хезишҳои мардумӣ ба вуҷуд омадааст, ахириҳо бояд таҳти фармондеҳии ҳукумат амал кунанд ва худ иқдом ба амалиёт накунанд.
Аббос Иброҳимзода, раиси Ҳизби ваҳдати исломии навин, яке дигар аз афроди матраҳ дар шимоли Афғонистон аст, ки бо нерӯҳояш дар ҷилавгирӣ аз суқути Мазори Шариф саҳми муассир дошт ва ҳоло ду қисмати бузурги шаҳрро бо 400 сарбозаш ҳимоят мекунад.
Вай мегӯяд, озод кардани Балх бо ҷумла вулусволиҳояш кори як ҳафта беш нест, аммо мушкил ин ҷост, ки агар Балх озод шавад, дар баробари он вилоятҳои ҳамҷавор – Кундузу Ҷузҷону Сарипулу Самангон ва ғайра ҳам бояд озод шаванд.
“Агар дар шимол як амалиёти куллӣ ба хотири тасфияи вилоёт аз Толибон* набошад, озод шудани Балх маъное нахоҳад дошт, зеро зарур мешавад, вилоят ҳимоят шавад ва ин ҷанги фарсоишӣ нерӯҳоро заиф мекунад. Ҳоло кори мо фақат ин аст, ки нагузорем шаҳр суқут кунад”, - гуфт Аббос Иброҳимзода.
Вилояти Балх 14 вулусволӣ дорад. Аз ин шумора 9 вулусволӣ ҳоло ба дасти Толибон* суқут кардаанд. Мазори Шариф – маркази ин вилоят шаҳри калидии Шимол ва бандари Ҳайратон дар марзи Ӯзбекистон яке аз роҳҳои бузурги тиҷоратии Афғонистон ба ҳисоб мераванд, ки ҳоло таҳти фармони ҳукумати расмии Афғонистон мебошанд.
Ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли хомӯшии ҳукумати Кобул ва афзоиши ҳамлаҳои Толибон* ба манзури суқути шаҳри Мазори Шарифу бандари Ҳайратон худ мустақилона даст ба амалиёти густарда хоҳанд зад, зеро ин шаҳри боаҳамият набояд суқут кунад.
Дар зимн фармондеҳони саҳроӣ ва роҳбарони хезишҳои мардумӣ метавонанд суоли мантиқие ба миён гузоранд, ки агар Ҳукумат тавони ҳимояи шимол ва худро надорад, чаро умуман бояд Кобули расмиро гӯш кард?
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала