Парвандаи “заминфурӯшон”-и Хуҷанд: прокурор гуфт, барои замин 56 ҳазор доллар гирифтаанд

© Sputnik Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд
 Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ назорати иҷрои қонунгузории заминро шарҳ дода гуфт, ки дар ин давра мавридҳои тақсим намудани замин бар ивази пора ошкор шудааст
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Прокурори Суғд гуфт, дар раванди баргузории санҷишҳои прокурорӣ маълум гардид, ки кормандони кумитаи идораи замин дар шаҳри Хуҷанд дар солҳои қаблӣ барои вобаста намудани қитъаи замин аз шаҳрвандон пора гирифтаанд.
“Дар давоми солҳои 2015-2017 кормандони кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд Сангинов А., Ҳасанов Д. бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон Охунов А., Файзиев М. ва Юсуфов М. масоҳати 5, 3 га қитъаи заминро ба номи Охунов А. ва пасон дар якҷоягӣ ба 74 нафар шаҳрвандон ғайриқонунӣ тақсим карданд”, - иброз намуд Хоҷазода.барои ин, аз
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Роҳбари "Акбархӯҷа" боздошт шуд: ӯ дар фурӯши замин муттаҳам мешавад
Ба гуфтаи прокурор, онҳо 56 ҳазор доллари ИМА ва 543 ҳазор сомонӣ гирифтаанд, ки фош карда шуд
Бино ба иттилои прокурори Суғд, ҳоло нисбати ин ашхос тибқи моддаҳои 338 нишонаи 2, (худсарона ишғол намудани қитъаи замин) 323 ва 247 қисми 4 банди “б” (сохтакории хизматӣ ва қаллобӣ) и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, алҳол дар баррасии судӣ қарор дорад.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар пайи чараандешии кормандони мақомоти прокуратура дар Суғд, дар умум 5352, 9 га заминҳои мавриди истифодаи ғайриқонунӣ қарордошта ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Дар ин давра тибқи эътирозҳои прокурорӣ 185 адад қарорҳои раисони шаҳру навоҳии Суғд марбут ба масъалаи ҷудо намудани қитъаҳои замини таъиноти гуногун аз ҷумла барои манзили шахсии истиқоматӣ вобасташуда бекор ва ба қонун мутобиқ гардонида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала