Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Қирғизистонӣ аз ҷанги Афғонистон баргашт, то дар ватанаш ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудник силовых структур во время задержания. Архивное фото
Сотрудник силовых структур во время задержания. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обуна шудан
КДАМ Қириғзистон мегӯяд, боздоштшуда таълими террористӣ гирифтааст ва дар амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон ширкат кардааст
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Як узви фаъоли созмони байналмилалии террористӣ, ки ба Қирғизистон барои анҷоми ҳамлаи террористӣ баргаштааст, боздошт шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
"Рӯзи 14 июл Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фаъолияти шаҳрванди Қирғизистон Г.М.-ро, ки аз минтақаи низоъ бо мақсади анҷоми амали террористӣ ба Қирғизистон омадааст, безарар кард", - омадааст дар хабарнома.
Нерӯҳои амниятӣ муайян кардаанд, ки боздоштшуда таълимоти террористӣ гирифтааст ва дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Афғонистон ширкат кардааст.
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Қирғизистон ба Тоҷикистон барои интиқоли қирғизҳои Афғонистон кумак хост
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ чорабиниҳои вижаро барои муайян ва пешгирии фаъолияти аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои байналмилалии террористӣ дар ҷумҳурӣ, идома медиҳад, меафзояд манбаъ.
Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.
Ҷанг барои осмон: оё миёни Туркия ва "Толибон"* дар Афғонистон ҷанг мешавад?
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0