Дар Русия пешниҳод карданд, ки муҳоҷиронро бо қаторҳои чартерӣ ба ин кишвар биёранд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкВозобновление движения поездов между Калининградом и Москвой
Возобновление движения поездов между Калининградом и Москвой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обуна шудан
Дар Русия пешниҳод доранд, муҳоҷирине, ки сохтмонҳои Русия ба онҳо ниёз доранд, тавассути қатораҳои чартерӣ ворид карда шаванд
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Вазорати сохтмони Русия пешниҳод кард, ки муҳоҷирони кориро барои сохтмонҳои Русия на бо хатсайрҳои чартерӣ, балки тавассути қаторҳои чартерӣ ворид кунанд, хабар медиҳад ТАСС.
Чунин пешниҳодро муовини вазири сохтмон ва манзилию коммуналӣ Никита Стасишин дар мулоқот бо сохтмончиён дар Санкт-Петербург ба миён гузошт.
Ба гуфтаи Стасишин, ин усул нисбат ба ҳавопаймоҳо арзонтар хоҳад буд ва интиқоли ҳазор муҳоҷирро дар як сафар таъмин хоҳад шуд.
"Мо метавонем дар сатҳи худ ба Роҳи оҳани Русия муроҷиат кунем, аммо он бешубҳа аз фармоиши ҳавопаймоҳо арзонтар хоҳад буд", - гуфт муовини вазири сохтмон ва манзилию коммуналӣ.
Имрӯз, муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия танҳо тавассути ҳавопаймоҳо мерасанд.
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Ниёзи сохтмонҳои Русия ба 5 миллион муҳоҷир
Ин ба вазъи молиявии таҳиягарон ва соҳаҳои дигари сохтмон, ки аз сабаби нокифоя будани парвозҳо шумораи зиёди коргаронро аз даст додаанд, таъсири манфӣ мерасонад.
Ёдовар мешавем, қаблан муовини сарвазир Марат Хуснуллин, ки маҷмааи сохтмониро назорат мекунад, норасоии муҳоҷиронро дар сохтмонҳои азим мушкилоти рақами як дар соҳа номид.
Ба гуфтаи Хуснуллин, дар сохтмонҳои Русия аз 1,5 то 2 миллион коргар намерасад.
Қаблан дар Русия пешниҳод шуда буд, ки маҳбусон ба муҳоҷирин дар сохтмонҳо иваз карда шаванд, ки ин идея миёни мансабдорон дастгирӣ низ ёфта буд.
Аммо коршиносон гуфтанд, ки маҳбусон наметавонанд дар сохтмонҳо муҳоҷиринро иваз кунанд.
Лентаи хабарҳо
0