Рӯзноманигор Дониш Сиддиқӣ дар Афғонистон кушта шуд

© REUTERS / MOHAMMAD ISMAILЖурналист Reuters датчанин Сиддики позирует фотографу в Кабуле
Журналист Reuters датчанин Сиддики позирует фотографу в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Аксбардор ва рӯзноманигор бо Reuters ҳамкорӣ мекард. Ӯ тайи чанд рӯзи ахир вазъи Қандаҳорро инъикос мекард
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Хабарнигори маъруф ва аккоси ҳиндӣ Дониш Сиддиқӣ дар Афғонистон кушта шуд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон дар истинод ба Tolo News.
Рӯзноманигор ҳангоми як задухурд байни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Толибон* кушта шуд.
Сиддиқӣ ва як афсари баландпояи афғон аз ҷониби Толибон* дар назди гузаргоҳи марзӣ бо Покистон кушта шуданд.
Пеш аз маргаш, рӯзноманигор ҳангоми ҳамлаи ҷангиён аз дасташ захмӣ шуда буд. Нерӯҳои ҳукуматӣ ин ҳамларо рафъ карданд ва вақте ки вазъ ба эътидол омад, Дониш Сиддиқӣ бо дӯкондорон сӯҳбат мекард, ки Толибон* дубора ҳамла карданд.
Навори охирини ӯ дар бораи ҳамлаи Толибон* ба нерӯҳои вижаи Афғонистон буд. Сиддиқӣ аъзои тими Reuters буд, ки барои аккосияҳош дар бораи гурезагони Роҳинҷа барандаи ҷоизаи Пулитсер гашта буд.
Сиддиқи аз соли 2010 ба ҳайси хабарнигори Reuters кор карда, ҷангҳои Афғонистон ва Ироқ, тазоҳуроти Ҳонконг ва заминларзаҳо дар Непалро инъикос кардааст.
* - гурӯҳи террористие, ки фаъолияташ дар Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала