Сафари Раҳмон ба ноҳияҳои марзӣ бо Афғонистон ва шиносоӣ ба омодагии ҷангии марзбонон

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи вилояти Хатлонро санҷид
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бо як сафари корӣ субҳи имрӯз ба ноҳияҳои марзии ҷануби Тоҷикистон рафта аз отрядҳои сарҳадӣ боздид кардааст, хабар медиҳад котиботи президент.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардид.
Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз пойгоҳи Отряди сарҳадии ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дидан карда, дар назди ду ҳазор афсарону сарбозон ва воҳидҳои захиравӣ суханронӣ кардааст
Учение ОДКБ Взаимодействие-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Русия ва Тоҷикистон ба ҷанг бо Толибон* омодагӣ мегиранд
Дар бораи омодагии ҷузъу томҳо ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Тоҷикистон сардори Отряди сарҳадии Панҷ подполковник Дониёр Файзуллозода гузориш додааст.
Президенти дар назди ҳайати шахсӣ оид ба комёбиву дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ, инчунин, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи имрӯзаи сарҳади давлатӣ ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо суханронӣ карданд.
"Ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин давлати ҳамҷавор на танҳо барои амнияти кишвари мо, балки дар таъмини бехатарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо аҳаммияти махсус дорад", - таъкид кардааст президент.
Раисиҷумҳур гуфтааст, имрӯзҳо авзои ҳарбиву сиёсии кишвари ба мо ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла вилоятҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, ниҳоят мураккаб мебошад.
Ба гуфта Эмомалӣ Раҳмон вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, аз афсарону сарбозони сарҳадбон ҳушёриву зиракии доимӣ, масъулияти баланд ва омодабошии ҳамешагиро тақозо менамояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала