Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Сипоси Афғонистон аз давлати Тоҷикистон барои қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон

© МИД РТМулоқоти сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ, бо вазири давлатӣ дар умури сулҳи Афғонистон Саидсаодат Мансур Нодирӣ
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ, бо вазири давлатӣ дар умури сулҳи Афғонистон Саидсаодат Мансур Нодирӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Мақомоти Афғонистон аз давлати Тоҷикистон барои қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон, ки баъд аз ҳамлаҳои пайи ҳами Толибон ба қаламрави Тоҷикистон гузашта буданд, аз изҳори сипос намуданд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар шаҳри Кобул мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Вазири давлатӣ дар умури сулҳи Афғонистон Саидсаодат Мансур Нодирӣ бо дархости ҷониби афғонӣ баргузор гардид.
Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар рафти мулоқот мавзӯи раванди сулҳи Афғонистон ва вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Қайд шудааст, ки оқои Нодирӣ аз мақомоти Тоҷикистон барои қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон, ки ба Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд, аз изҳори сипос намуда аст.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Толибон ба Туркия "Go home" мегуянду таслимшудаҳоро тирборон мекунанд: боз чӣ
“Вай дар идома таҷрибаи тоҷиконро дар барқарории сулҳ дар соли 1997 арзишманд хонд ва хоҳони истифода аз ин таҷриба шуд”, - таъкид доштааст ВУХ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар идомаи мулоқот Сафири Тоҷикистон вазъияти кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистонро нигаронкунанда хонд ва илова кард, ки Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг, пешбурди музокира байни тарафҳои даргир ва ёфтани роҳи ҳаллест, ки мавриди қабули ҳамаи сокинони Афғонистон бошад.
Ёдрас мешавем, ки қаблан дар пайи вазъи ноороми Афғонистон ҳазорҳо шаҳрвандони ин ин кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуреза шуда буданд. Ахиран мақомоти Тоҷикистн хабар дод, ки аксари гурезагон тавасути чархболҳои Тоҷикистону Афғонистон ба ватанашон баргардонида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала