Дархости "скидка": вазир дар бораи нархи гарони парвозу сафари донишӯён ба Русия

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф
Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обуна шудан
Вазири маорифи Тоҷикистон дар бораи сафари донишҷӯёни тоҷик ба Русия гуфт
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Дар рафти нишасти матбуотӣ дар Душанбе рӯзноманигорон аз мушкилии сафари донишҷӯёне, ки ба муассисаҳои олии Русия дохил шуданд дар ҳошияи гарон шудани арзиши чиптаҳои ҳавопаймо гуфтанд.
Онҳо аз вазири маориф Муҳаммадюсуф Имомзода пурсиданд, ки оё вазорат барои интиқоли онҳо ба Русия ягон имтиёзе пешниҳод карда метавонад.
Имомзода дар посух гуфт, ки аслан ин масъаларо бояд Вазорати нақлиёт баррасӣ кунад.
Аммо, вазорат метавонад танҳо аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ хоҳиш кунад, ки барои донишҷӯён тахфиф ҷорӣ кунад.
"Мо бо он нафарое дохил шудаанд ҳамкорӣ дорем, аз ширкатҳои хоҳиш мекунем, ки барои донишҷӯён скидка кунанд", - тавзеҳ дод вазир.
Вай афзуд, ки донишҷӯёни хоҳишманд метавонанд ба вазрат муроҷиат кунанд ва ниҳод рӯйхати онҳоро ташкил карда, ба ширкатҳои ҳавоӣ дархост равон мекунад.
"Вале бояд дар назар гирифт, ки ширкатҳо низ хусусиянд", - таъкид намуд вай.
Лентаи хабарҳо
0