Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Собянин гуфт, вазъи коронавирус дар Маскав хубтар мешавад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкМэр Москвы Сергей Собянин
Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обуна шудан
Сергей Собянин вазъи коронавррус дар пойтахти Русияро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Вазъи коронавирус дар Маскав рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, гуфт мири пойтахт Сергей Собянин.

"Мо тасмим гирифтем, ки 6 ҳазор кати ковидиро бандем ва онҳоро ба кори муқаррарӣ гузаронем. Ин тасмими ҷиддӣ аст, ки нигоҳубини дигар беморонро беҳтар месозад, аз тарафи дигар, нишон медиҳад, ки вазъ воқеан беҳтар шуда истодааст", - гуфт Собянин дар суҳбат бо шабакаи "Россия 1".

Ёдрас мешавем, ки ситоди фаврии назорати вазъи коронавирус дар Маскав гузориш медиҳад, ки дар давоми 24 соати гузашта дар пойтахти Русия 5382 ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор шудааст.
Дар як рӯз 1474 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд.
619 нафар зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор доранд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ҷаҳонро мавҷи сеюми коронавирус фаро гирифт
8032 бемори дигар пас аз табобат шифо ёфтанд.
Шумораи умумии шифоёфтагон ба 1 266 393 нафар расид.
Щамчунин дар шабораӯзи гузашта дар Маскав 105 нафар беморон фавтиданд.
Ситоди оперативии Маскав сокинони пойтахтро ба ваксинзанӣ даъват мекунад.
Лентаи хабарҳо
0