Суқути ҳавопаймои Ан-28 дар наздикии Томск: тақдири мусофирон номаълум

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузаштан ба хазинаи аксСамолет транспортной авиации Ан-26
Самолет транспортной авиации Ан-26  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Ҳавопаймои АН-28 дар минтақаи Томски Русия суқут кард.
Тибқи иттилои расмӣ, лайнер тақрибан соати 13:20 ба вақти Маскав аз назар нопадид шудааст.
"Ҳавопаймои Ан-28 иртиботро қатъ кард, баъдтар фаъолияти маяки фавқулодда сабт карда шуд", - гуфт манбаъ.
Маълум аст, ки дар дохили ҳавопаймои Ан-28 аз 13 то 15 нафар будаанд.
Дар байни мусофирон кӯдакон низ ҳузур доштаанд. Айни замон корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ идома доранд.
Тақдири мусофирони ҳавопаймои Ан-28, ки дар минтақаи Томск нопадид шуд, феълан номаълум аст.
Сухумский международный аэропорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон
Бояд қайд кард, ки ин ҳодиса дар наздикии Томск дуввумин суқути ҳавопаймоҳои Ан дар 10 рӯзи охир аст.
Дар аввали моҳ лайнери Ан-26, ки дар масири Петропавловск-Камчатский - Палана ҳаракат мекард, дар Камчатка суқут кард.
Дар дохили киштии ҳавоӣ 28 нафар, аз ҷумла шаш узви экипаж ҳузур доштанд.
Шикастпораҳои Ан-26 - 3,8 километр дуртар аз деҳаи Палана ёфт шуданд.
Муайян карда шуд, ки бинобар бад будани ҳаво, ҳавопаймо барои фуруд омадан чанд маротиба давр заду ба теппа бархӯрда, ба баҳри Охотск афтод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала