Вазир дар бораи пулҷамъкунӣ барои таъмир: “худашон мехоҳанд”

© Sputnik / Амир ИсаевМухаммадюсуф Имомзода, министр образование Таджикистана
Мухаммадюсуф Имомзода, министр образование Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, низоми ҷамъ кардани пул барои таъмир дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҷой надорад
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иддао дар бораи ҷамъ кардани пул аз муҳассилин барои таъмири макотибро рад намуд.
Ӯ афзуд, ки баъзан дар макотиби ҷумҳурӣ Асотсиатсияи падару модарон фаъолият доранд, ки онҳо худашон мехоҳанд, мактабашонро таъмир кунанд.
Ба гуфтаи вазир, нисбати шикоятҳо дар мавриди ҷамъоварии пули таъмир, ки тариқи телефон ворид мегарданд, гуруҳи корӣ ташкил карда мешавад, месанҷанд ва чораандешӣ мекунанд.
Мактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2020
“Маблағгузорӣ мушкил, мардум кумак кунад”: вокуниши Ҳукумат ба навори мактаби куҳна-видео
Муҳаммадюсуф Имомзода дар посух ба рӯзноманигорон, ки гуфтанд ахиран бархе донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ аз ҷамъоварии пул барои таъмир шикоят кардаанд, далели мушаххас хост. Агар далели мушаххасе бошад, пешниҳод кунед, ки масалан Алӣ Валиев, аз кадом курсу факултет шикоят дорад. Вазир афзуд, ки агар бидуни мисоли мушаххас бошад, масъулини муассисаи таълимӣ мегӯянд, ки ин туҳмат аст.
Имомзода таъкид намуд, ки ДМТ ба таъмир ниёз надорад, чун биноҳояш нав мебошанд ва таъкид намуд, ки вазъи молиявии ин муассиса хуб асту тавони таъмиру сохтмонро дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала