Зодрӯзи Ҳоҷӣ Мурод ва Ангела Меркел: 17 июл дар таърих

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 17 июля
День 17 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Рӯзи ҳабдаҳуми июл Рӯзи байналмилалии адолати судӣ-ҷиноятии байналмилалӣ буда дар Русия – Рӯзи таъсиси қувваҳои баҳрӣ, флоти ҳарбӣ-баҳрӣ, дар Кореяи Ҷанубӣ- Рӯзи Конститутсия ва дар Лесото – Рӯзи шоҳ мебошад

Рӯзи 17 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1775 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон беморхонаи ҳарбӣ таъсис дода шуд.
Соли 1841 аввалин шумораи рӯзномаи ҳаҷвии англисии "Панҷ" ба нашр расидааст.
Соли 1915 Олмон ва Австрия бо Булғория оид ба ҳамкорӣ паймони пинҳонӣ бастанд.
День 16 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Зодрӯзи Залмон Муллоқандов: рӯзи 16 июл дар таърих
Соли 1976 дар Канада Бозиҳои XXI олимпии тобистона оғоз гардида, 1 август ба охир расиданд.
Соли 1994 Бразилия маротибаи чорум чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд.
Соли 1995 Иттиҳоди Аврупо бо Русия шартномаи тиҷоратӣ баст.
Соли 2013 дар Қазон маросими пӯшидашавии Мусобиқаи XXVII байналмилалии тобистона (Универсиада) доир гардид.

Рӯзи 17 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҷаласаи идораи татбиқи Барномаи "Рушди фазои соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот" баргузор гардид.
Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба итмом расидани сафари расмӣ дар Миср барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ ба Федератсияи Русия сафар карданд.
День 15 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Зодрӯзи Ҳоманаӣ ва даргузашти Чехову Садриддин Айнӣ: рӯзи 15 июл дар таърих
Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ва Директори генералии вақти Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба Русия ва АвруОсиё Эллис Уэллс масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Америка, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои амнияту мудофиаро баррасӣ намуданд.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ муҳокима гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 июл

Рӯзи байналмилалии адолати судӣ-ҷиноятии байналмилалӣ.
Дар Русия – Рӯзи таъсиси қувваҳои баҳрӣ, флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.
Дар Кореяи Ҷанубӣ- Рӯзи Конститутсия.
Дар Лесото – Рӯзи шоҳ.

Рӯзи 17 июл кӣ ба дунё омадааст

1920 — Хуан Антонио Самаранч (соли даргузашт 2010), тоҷир ва сиёсатмадори испанӣ, солҳои 1980—2001 президенти кумитаи байналмилалии олимпӣ.
1947 — малика Камилла, завҷаи дуюми Чарлз, шоҳзодаи бритонӣ.
1954 — Ангела Меркел, сиёсатмадори олмонӣ, канслери Олмон аз соли 2005.
Ангела Доротея Меркель (Angela Dorothea Merkel); 17 июли соли 1954 дар Гамбурги Олмон ба дунё омадааст. Арбоби сиёсии олмонӣ, олими физик, аз 22 ноябри соли 2005 инҷониб канслери Олмон мебошад.
Меркел факултаи физикаи Донишгоҳи ба номи Карл Марксро хатм кардааст. То соли 1989 дар соҳаи илм фаъолият карда пасон фаъолияти сиёсиашро оғоз кард.

Рӯзи 17 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1906-1990 — олими таърихшинос, нахустин ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Зариф Раҷабов.
1936-1996 – доктори илмҳои биологӣ Усмон Холдоров.
1942 — нависанда Ҳоҷӣ Мурод.
1957 — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Набӣ Акрамов.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала