Андуҳгин шудем: номаи таслияти Раҳмон ба шоҳ Филипп

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи Белгия Филипп барқияи таслият ирсол намуд
ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Дар робита ба обхезии шадид дар гӯшаҳое Белгия Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳ Филипп барқияи таслият ирсол намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Филипп аз хабари обхезии маргбор дар Белгия изҳори андуҳ кардааст.
“Хабари рӯй додани селу обхезиҳои шадид дар манотиқи мухталифи Белгия, ки муҷиби талафоти ҷонӣ шуда, хисороти зиёди моддиро ба бор овардаанд, боиси андӯҳи амиқи мо гардид”, - омадааст дар паёми Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Шоҳ Филипп хоҳиш кардааст, ки ҳамдардии самимии ӯро ба мардуми дӯсти Белгия бирасонад.
Площадь после наводнения в Эрфтштадт-Блессеме, Германия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Обхезии пурқурбонӣ дар Олмон: 14 акси изтиробовар аз ҷои ҳодиса
Хоҳишмандам маротиби тасаллиёт ва ҳамдардии моро дар иртибот ба марги фоҷеавии шаҳрвандон бипазиред. Орзуманди шифои комили осебдидагон ва рафъи ҳарчӣ зудтари оқибатҳои харобиовари боришоти шадид ҳастем.
Ёдовар мешавем тайи рӯзҳои гузашта дар гӯшаб канори Белгия обхезии шадид сар зад, ки дар пайи он 20 нафар ҷон дод.
Ҳукумати Белгия 20 июнро рӯзи мотами миллӣ эълон кард
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала