Бахткушоӣ мекарду тақдирро пешгӯӣ: боздошти фолбин барои моили мизоҷон ба ҳамхобагӣ- видео

Наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Обуна шудан
НовостиTelegram
Фолбин баъзе аз корафтодагонро ба ҳамхобагӣ моил менамудааст
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Ҳомидов Бахтиёри 45 - сола, сокини шаҳри Конибодом хабар медиҳад, ки дар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта бо истифода аз ҳиссиёти динӣ муттаҳам мешавад.
Ба гузориши Акбар Шариф сухангӯи Расёсати ин ниҳод дар Суғд, санҷиши ахбори оперативӣ тасдиқ намуд, ки Ҳомидов дар баробари ба сеҳру ҷоду ва дуохонӣ машғул шудан, ба амалҳои бадахлоқона даст мезадааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ баъзе аз корафтодагонро ба ҳамхобагӣ моил менамудааст.
Пешгӯии тақдир, бахткушоӣ, навиштани тумору таштоб, пешниҳоди ҳаргуна ашёҳои маишӣ гӯё тавассути дуо омоданамудааш дар ҳалли муаммои зиндагӣ мусоидаткунанда услуби хизматрасониҳоест,ки гумонбаршаванда мекардааст.
Гуфта мешавад, Ҳомидов Бахтиёр ҳангоми амалҳои зиддиахлоқӣ нисбат ба як ҷавонзан аз минтақаи Суғд дар хонаи истиқоматияш боздошт мешавад.
ВУД мегӯяд, ҳоло нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 142 иловаи яки кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2020
Ҳукми муллои ҷинбарор эълон шуд: ҳам дуо мехонд ва ҳам маҳсу бахткушоӣ мекард
Назари бевоситаи Ҳомидов ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия ва иттиҳомот феълан дастрас нест.
БАр асоси моддае, ки Ҳомидов дар он муттаҳм мешавад, қонуни кишвар маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0