Боздошти сокини Ишкошим дар Душанбе ба гумони ғоратгарӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Ӯ ноқилҳои барқиро аз ошёнаи 15-ум дуздидааст
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Ҷавони 25 -сола ба ҷурми ғоратгарӣ боздошт шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Бино ба гузориши ин ниҳод, дар бораи дуздӣ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза сокини 27-солаи ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст.
Вор. Грабитель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2020
Агентии омор: дуздиву ғоратгарӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст
Ӯ шикоят кардааст, ки шоми 15-уми июл, соати 20:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ошёнаи 15-ум, ноқилҳои барқии медиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Бино навсохта буда, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Душанбе воқеъ будааст.
Ҷинояткорӣ дар соли 2020: аз куштору терроризм то 4,5 ҳазор ҷинояти нокушода
Гуфта мешавад, ки зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 25-солаи ноҳияи Ишкошим ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала