Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад

CC0 / PublicDomainPictures / Художественная иллюстрация вируса
Художественная иллюстрация вируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
COVID бештар ба саломатии ашхоси аз 60 -боло ва мардон таъсири манфӣ мерасонад
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Натиҷаҳои нахустин таҳқиқоти васеъмиқёси мушоҳидавӣ, ки дар он беш аз 70 ҳазор беморони гирифтори коронавирус дар 302 беморхонаи Бритониёи Кабир ширкат карданд, дар маҷаллаи The Lancet нашр шуд.
Вазифаи муаллифон, муайян кардани мушкилоти асосие мебошад, ки дар беморони COVID-19 ба вуҷуд меоянд, хабар медиҳад РИА Новости.
Тадқиқот нишон дод, ки тақрибан нисфи беморон - 36.367 аз 73.197 - ҳангоми бистарӣ шудан ба як ё якчанд мушкилот дучор шуданд.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Марговар: нигаронии олимон аз пайдоиши суперштамми вируси корона
Мардон ва ашхоси аз 60-сола боло, бештар азият мекашиданд, аммо мушкилот ва натиҷаҳои бади функсионалӣ ҳатто барои ҷавонон ва одамони солим низ, маъмул буданд.
Ба мушкилоти маъмултарин ихтилоли гурда, бемории роҳи нафас инчунин мушкилоти дилу рагҳо, асаб, меъда ва ҷигар дохил мешаванд.
"Ҳоло мо дар бораи COVID-19 ва хавфҳои марбут ба он маълумоти муфассалтар дорем. Ҳатто одамони ҷавон ва умуман солим, аксар вақт пас аз гирифторӣ ба вируси корона мушкил пайдо мекунанд. Ин беморӣ хоҳ нохоҳ ба ягон узв таъсир мерасонад, аммо бештар ба гурда, дил ва шушҳо таъсири манфӣ дорад", - омадааст дар хабарнома.
Олимон мегӯянд, аҳволи аксари беморон пас аз мураххас шудан аз беморхона бадтар шуд ва баъзеҳо оқибатҳои ногувори онро моҳҳо эҳсос мекунанд.
Пандемия коронавируса COVID-19. Министр здравоохранения Германии Йенс Спан в лаборатории Bioscientia Healthcare. Ингельхайм, Германия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимон аз пайдо шудани 22 мутатсияи COVID дар давоми 4 моҳ ҳушдор медиҳанд
Аз ҳама бештар бемории гурда буд - тақрибан ҳар нафари чорум - ё 24 фоизи беморон, аз ин дард азият мекашиданд. бемории роҳҳои нафас - 18 фоиз -ва системавӣ - 16 дарсад.
Тақрибан дар ҳар нафари ҳаштум, бемориҳои дилу рагҳо - 12 фоиз, мушкилоти асаб - чор фоиз, меъдаю ҷигар - камтар аз як фоиз, дида мешуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала