Дилшод Назаров даст кашид: ба ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ киҳо шомиланд

© REUTERS \ Kim Kyung-HoonОлимпийский огонь во время эстафеты Олимпийского огня в Токио-2020 в префектуре Фукусима, Япония
Олимпийский огонь во время эстафеты Олимпийского огня в Токио-2020 в префектуре Фукусима, Япония - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон барои ширкат дар бузургтарин мусобиқаи варзишии ҷаҳон омода мешавад: кӣ кишварро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 намояндагӣ мекунад?
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон, ки ба Бозиҳои олимпӣ меравад, аз 23 нафар иборат аст. Дар байни онҳо беҳтарин варзишгарон, мураббиёни номӣ ва пащлавонон ҳастанд.
Қаҳрамонии бузургтарини ҷаҳон аз 23 июл то 8 август баргузор мешавад.
Ба ҳайати Тоҷикистон даҳ варзишгар шомил шуданд. Даванда Гулсумбӣ Шарифова дар сабқати Тошканд ҷароҳат бардошта буд ва аз ин рӯ наметавонад ба Токио равад.
Дар варзиши сабук кишварро Илдар Аҳмадиев намояндагӣ мекунад. Вай дар давидан ба масофаи 100 метр ширкат мекунад. Ба ин даста инчунин муштзанҳо Шаббос Неъматуллоев (81 кило), Баҳодур Усмонов (64 кило) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кило) дохиланд.
Ғайр аз ин, Тоҷикистонро чор ҷудочӣ намояндагӣ мекунанд: Сомон Маҳмадбеков (73 кило), Акмал Муродов (81 кило), Комроншоҳ Устопириён (90 кило) ва Темур Раҳимов (+100 кило).
Факелоносцы в сопровождении конвоя во время эстафеты Олимпийского огня в Токио-2020 в префектуре Фукусима, Япония - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Сабти аввалин гирифтори коронавирус дар “Деҳаи Олимпӣ"-и Токио
Инчунин, ду шиновар Олим Ишанов ва Анастасия Тюрина барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд. Онҳо масофаи 50 метрро тай мекунанд.
Роҳбари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва муовини ӯ Дилшод Назаров аз сафар ба Токио даст кашиданд.
Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Муҳаммадшо Абдуллоев ва муҳосиби КМО ҶТ Ҷамшед Низомов аллакай ба Ҷопон рафтанд.
Дар байни шахсони расмии ҳайати Тоҷикистон инчунин аъзои КМО ҶТ Аҳтам Абдуллозода, Хуршеди Мирзо, Парвиз Нориён низ ҳастанд.
Таджикские борцы, которые поедут на Олимпиаду в Токио 2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Эълони теъдод ва рӯзҳои мусобиқаи ҷудокорон дар Токио
Шиноварон бидуни мураббӣ ба Олимпиада мераванд. Ба ҷои як мураббӣ, директори Мактаби варзишии шиноварӣ Душанбе Муҳаммад Табаров онщоро ҳамроҳь мекунад. Дар ин бозиҳо ҷудочӣ Акмал Муродов низ бе мураббӣ мемонад.
Ба ҳайат мураббиёни дигар ҷудочиён ва муштзанон, мураббии варзишгар Илдар Аҳмадиев, Ғайрат Негматов ва духтури гурӯҳ Фаррух Авезов шомил шуданд.
Муштзанон ва ҷудочиён рӯзи 19 июл ва шиноварон рӯзи - 26 июл озими Токио мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0