Кишварҳои C5 + 1: тасарруфи қудрат дар Афғонистон бо роҳи зӯрӣ қобили қабул нест

© МИД УзбекистанСовместное заявление "C5 + 1"
Совместное заявление C5 + 1 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида тасарруфи қудрат дар Афғонистон ва инчунин истифодаи қаламрави онро ҳамчун пойгоҳи террористӣ барои таҳдид ба амнияти кишварҳои дигар ғайриқобили қабул эълон карданд.
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бар асоси изҳороти муштараки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон) ва ИМА (C5 + 1), имрӯз зимни як ҳамоиши бузург дар Тошканд оид ба Афғонистон сурат гирифт, гуфта мешавад, ки ба даст овардани қудрат дар Афғонистон бо зӯрӣ ғайри қобили қабул аст.
"Кишварҳои C5 + 1 талош доранд, ки барои сулҳи Афғонистон муҳити устувор ва муваффақро фароҳам оранд", - омадааст дар ҳуҷҷат.
Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида дар изҳороти худ гуфтушунидҳои фаврии пурмазмуни сиёсиро ягона роҳи ба даст овардани сулҳи одилона ва пойдор тавассути созишномаи сиёсии музокирашуда бо назардошти манфиатҳои мардуми афғон унвон кардаанд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Нигаронии Сергей Лавров аз вазъи Афғонистон: авзоъ бадтар мешавад
Дар изҳорот илова шудааст, ки ин кишварҳо мухолифи ба таври таҳмили иҷбории давлати наванд ва истифодаи хоки Афғонистонро барои таҳдид ва ё ҳамла ба кишварҳои P5 + 1 аз ҷониби террористон ва ё ашхоси сеюм ғайри қобили қабул медонанд.
Ҳамзамон дар изҳорот, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида ӯҳдадориҳои худро барои густариши робитаҳо дар умури савдо, нақлиёт ва энергетика тасдиқ карданд.
Конфронси байналмилалии "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Пайвасти минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо", ки тайи ду рӯзи гузашта дар Тошканд баргузор шуд,
Дар ин конфронс, президентҳои Ӯзбекистон, Афғонистон Шавкат Мирзиёев ва Ашраф Ғанӣ, сарвазири Покистон Имрон Хон, ҳамзамон беш аз 20 вазири корҳои хориҷӣ, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва сарвари дипломатияи Аврупо Ҷозеп Боррелл ҳузур доштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала