Мусоҳиба бо Устод Ато: аз ҷанги Шимолу Толибон* то тоҷикону фирор аз Афғонистон

© из личного архива Атто Мухаммада НурЛидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Чӣ иттифоқе барои Афғонистон хоҳад афтод? Оё неруҳои зиддитолиб метавонанд Толибонро аз Шимол берун кунанд ва чаро ҳанӯз ин иттифоқ науфтодааст? Ин ҳама ба ривояти Ато Муҳаммади Нур.
ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik, Фахриддини Холбек. “Кишварҳои Шимол набояд аз пешравиҳои Толибон* завқзада шаванд”, - мегӯяд Ато Муҳаммади Нур, маъруф ба Устод Ато, собиқ волии Балх ва раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон.
Устод Ато 2 июл раиси Шӯрои басиҷи миллии Балх, ки 9 танзиму ҳизби сиёсӣ дар Афғонистонро муттаҳид мекунад, интихоб шуд. Таъини ӯ дар садри басиҷе, ки қарор аст, бори асосии ҷанг бо Толибонро кашад, аз сӯе, эътирофи ӯ минҳайси роҳбари қудратмандтарин ва билоивази 20 соли ахир дар калидитарин вилояти шимоли Афғонистон бошад, аз сӯи дигар, бори вазнини ҷангҳои печида дар Шимолро рӯи шонаҳои ӯ мегузорад.
Мазори Шариф – маркази Балх, бо вуҷуди суқути 8 вулусволии вилоят ба дасти Толибон*, ҳамоно як ҷазираи амну осоиш аст. Мардум пушти рӯзу рӯзгори худ ҳастанд ва ягона умедвориашон “меъмори навини Балх” аст, ки нахоҳад гузошт онҳо зери юғи Толибон бираванд.
Устод Ато хабарнигори Sputnik Тоҷикистонро дар меҳмонхонаи худ, воқеъ дар гузари Чуғдаки шаҳри Мазори Шариф қабул кард ва ба суолҳои ӯ посух дод.
- Он чӣ аксариятро шокӣ кард, ин буд, ки Шумо бо иттифоқи се писари навҷавони худ ба ҷабҳаи ҷанг рафтед. Яке ҳам дар шабакаҳои Фейсбук Шуморо “падари сангдил” унвон кард. Аммо ин кори Шумо чӣ маъно дошт?
- Вақте дифоъ аз ватан матраҳ мешавад, арзишҳо дар хатар меафтанд, иззати мардум ба бод меравад, душман мехоҳад беватанат бисозад, ниёз аст тамомии имконот, зарфият ва қобилиятҳо истифода шаванд. Ин як. Вақте ман бачаҳои мардумро фармон медиҳам, ки сангар бираванд ва биҷанганд, хуб аст, ки фарзандон ва ҷигаргӯшагони ман ҳам дар канори онҳо бошанд.
Хуни инҳо рангинтар ва боарзиштар аз хуни фарзандони мардум нест. Бачаҳои ман ҳам эҳсос кунанд, ки дифоъ аз ватан фарзу воҷиб аст. Эҳсос кунанд, ки вақте падарашон сангар меравад, онҳо низ дар канори ӯ бошанд ва эҳсоси масъулият кунанд. Барои ҳамин онҳоро ба сангар бурдам.
Атто Мухаммади Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Ҳама аслиҳаро дорем: Нур ба Толибон* гуфт, сулҳ кунанд вагарна саркуб хоҳанд шуд - видео

Ҷанг ва сулҳ

- Вақте вулусволиҳо дар Шимол яке аз паси дигар суқут карданд, Шуморо, ки мегӯянд, “императори Шимол”, дар Дубай будед, маршал Дӯстум ҳам аз майдони ҷанг ба Туркия рафт. Ин эҳсос ба вуҷуд омад, ки Шимол соҳиб надорад. Шумо омадед, аммо вулусволиҳо озод нашуданд. Чӣ мегузарад?
- Он замон як саросемагӣ ба вуҷуд омада, руҳияи нерӯҳои мусаллаҳ осеб дида буд. Пойгоҳҳои низомиро бо тамоми таҷҳизот дар ихтиёри Толибон* гузоштанд. Ин вазъ ба руҳияи мардум низ таъсири бад расонда буд. Омадани мо Мазори Шарифро аз суқут наҷот дод. Шаш вулусволие, ки боқӣ монда буд ва шаҳраки Бандари Ҳайратон, ки дар ҳоли суқут буд, ҳифз шуд.
Мо басиҷи мардумиро ташкил додем ва як шӯрои муташаккил аз тамоми танзимҳои сиёсиву низомӣ бо роҳбарии мо ба вуҷуд омад, ки ин руҳияи мардумро боло бурд. Ҳоло мо бо таҷдиди қувваҳо ва баланд бурдани руҳияи ҷангии нерӯҳои размии худ машғулем. Баъд аз ин як амалиёти густардаеро ба роҳ хоҳем андохт. Дар ин амалиёт мо ҳам мебошем ва нерӯҳои ҳукуматӣ ҳам.
- Шумо дар ибтидо бо хуруҷи неруҳои эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон мухолифат кардед. Чаро?
- Ман ҳеҷ вақт мувофиқи боқӣ мондан ва мухолифи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ набудам. Ватани худро дӯст медорам, мехоҳам, ки мустақил ва озод бошад. Аммо вақте хориҷиҳо омаданд, ҳузур доштанд, хуруҷашон бояд масъулона мебуд.
Аммо масъулияти худро дуруст адо накарданд. Аз Афғонистон бемавқеъ, бемаврид ва ба якборагӣ хориҷ шуданд. Омаданд, аҳдофи худро таҳаққуқ бахшиданд, вале миллати Афғонистонро танҳо гузоштанд. Ман барояшон гуфтам, ки Шумо моро дар баробари ифротият ва терроризм танҳо гузоштед, фардо онҳо домани шуморо пас мегиранд. Ифротият ва терроризм ба ҷоддаҳои пурзарқу барқ ва манозили рангобаранги шумо меравад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин низ дар ҷараёни ин бошанд, на фақат НАТО-ву Амрикову Аврупо. Агар барои таъмини сулҳ ва дифоъ аз маданият дар Афғонистон таваҷҷӯҳ накунанд, мунтазири ифротияту терроризм дар кишварҳои худ бошанд.
Ато Муҳаммад Нур ва Ашраф Ғанӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Устод Ато бо Ашраф Ғанӣ вазъи амниятӣ дар шимоли Афғонистонро барасӣ кард
- Чӣ касе акнун қодир ба муқовамат дар баробари Толибон аст?
- Бидуни шак, аввал, муҷоҳидин, ҳамон муқовиматгарони дирӯз, ки бидуни Амрикову НАТО ҷангида будем. Дар оянда боз ҳам мо хоҳем буд, ки дар баробари онҳо ва пуштибононашон истодагарӣ мекунем.
- Оё ба пуштибонии хориҷӣ ва ба чӣ шакле ниёз доред?
- Аввалан, ба ҷомиаи ҷаҳонӣ мегӯям, ки мо ба сулҳ авлавият медиҳем ва аз тарҳи сулҳи Афғонистон ҳимоят бикунад. Толибон* ва пуштибонони онҳоро таҳти фишор гиранд, ки рӯ ба сулҳ оранд ва тавофуқномаи сулҳро имзо кунанд. Дар сурате, ки фарҳанги Толибон* ҷанг аст, ба сулҳ “на” мегӯянду ба ҷанг рӯ меоранд, мо маҷбур ҳастем, ки муқовимат бикунем ва кишварҳое, ки ифротиятро намехоҳанд, аз ин муқовимат ҳимоят кунанд. Бале, пуштибонии дунё ниёз аст. Ҳамоно аввал сулҳ, дар акси ҳол, ҳимояти молӣ, луҷистикӣ ва таслиҳотиву низомӣ.

Кишварҳои завқзада ва Толибон

- Тайи 20 соли ахир тамоми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба ҳар навҳае бо Амрико ва НАТО дар ҷанг буданд. Ҳадаф онҳо буданд. Ҳоло онҳо хориҷ мешаванд. Дар майдони ҷанг нерӯҳое мемонанд, ки ба ин ё он кишвар тобеъанд. Оё як “ҷанги ҳама алайҳи ҳама” – ро метавон пешбинӣ кард?
- Ҳамин ҳоло ҳам дар Афғонистон ҷангҳо печидаанд. Ҷангҳои ниёбатии кишварҳо идома дорад. Бештар аз 20 гуруҳи террористӣ дар ин ҷангҳо ширкат мекунанд. Чӣ пеш меояд? Якум, мофиёи маводи мухаддир фаъол мешавад. Дуюм, ҳамакнун дар Бадахшон, Сарипул, Бодғис ва дигар вилоёти Шимол ҳузури гуруҳҳои террористии хориҷӣ чашмгир аст. Садҳо нафар дар ин вилоятҳо аз уйғурҳои Чин, “Ансоруллоҳ” – и Тоҷикистон, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ҷангиёни Қафқози Русия, ёғиҳои Покистон, “Ал-қоида” ва ғайра ҳузур доранд, ки шона ба шона бо Толибон* якҷой меҷанганд.
Мутаассифона, бархе кишварҳои атрофи мо вақтҳои охир завқзада шуда, изҳор доштаанд, ки мо бояд ҳукумати Толибонро эътироф кунем. Инҳо мутаваҷҷеҳи он бошанд, ки ёғиёну тоғиёнашон дар канори толиб ҳастанд. Инҳо дар оянда ба Осиёи Марказӣ нуфуз мекунанд ва ифротияту терроризмро ба сарҳадҳои Чину Русия ва Эрон мебаранд.
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Қиссаҳои хаймаҳои ғам”: гузориш аз урдугоҳҳои муҳоҷирини Мазори Шариф – аксу видео
- Кадом кишварҳоро завқзада мебинед?
- Тамомии кишварҳои давру бар, шурӯъ аз Осиёи Марказӣ то Русияву Чину Эрон. Ин кишварҳо набояд фирефтаи ҳарфҳои Покистон шаванд, ки толибро сохт, икмол кард ва ба саҳна андохт. Мо аз ҷониби худ итминон медиҳем, ки толиб як падидаи хориҷӣ, парчамбардори ҷаҳолати асримиёнагӣ ва хатари билқувва барои тамоми кишварҳои минтақаву ҷаҳон аст. Мардуми Афғонистон онро қабул надорад, аз ин хотир, бо он муқовимат хоҳад кард.
· Ҳоло чӣ хабарҳое аз манотиқи таҳти ишғоли Толибон* ба Шумо мерасад? Мегӯянд, ки ба фарқ аз толибони то соли 2001 инҳо дигаранд?
- Аслан фарқе надоранд. Дар гузашта ҳам онҳо духтарону хонумҳои Шимолро аз хонаводаҳояшон ҷудо карда, ба Покистону дигар кишварҳо мефурӯхтанд. Ҳоло ҳам ин корро мекунанд. Аланӣ ҳар калони толиб се то чаҳор зан мегирад. Як вулусволи номниҳодашон дар Хумоби Ҷузҷон дар ду моҳ 4 зан гирифтааст. Ё дар Тахору Бадахшон аз мардум тақозо кардаанд, ки рӯйхати духтарони аз 15 – сола боло ва беваҳои аз 45 – сола поёнро пешниҳод кунанд, то онҳоро ба никоҳи ҷангҷӯёнашон дароранд. Ин каниз гирифтан аст ва мо инро аслан қабул нахоҳем дошт, ки кадом як ёғиву тоғӣ номуси моро ба бозӣ гирад.

Тоҷик – роҳбари муқовимат

- Дар Ироқ вақте ДОИШ омад, артиш коре карда натавонист. Аввалин зарба тавассути шибҳи низомиёни шиа ба онҳо ворид шуд. Оё чунин басиҷи ҷомеаи тоҷики Афғонистон алайҳи ДОИШ ва Толибон имконпазир аст?
- Бале. Ҳамин ҳоло шакл гирифтааст. Тоҷикон дар хутути аввал қарор доранд, ба шумули ман, меҷанганд. Ҳазорон ҷавон мусаллаҳ ва омодаи ҷанг ҳастанд. Дар муқовимати зидди толиб ҳамеша тоҷикон аввал буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Нерӯҳои зиддитолибро, ки аз бародарони паштуну ҳазораву ӯзбеку туркман ва ғайра иборат аст, мо раҳбарӣ карда будем ва ҳоло ҳам хоҳем кард ба хотири ояндаи як Афғонистони озод.
- Бубинед, ҳоло Шумо бар инед, ки Балхро озод кунед. Агар озод кардеду дигар вилоёт таҳти султаи толиб бошад, онҳо дигарбора ба Балх хоҳанд омад. Чӣ бояд кард?
- Ман бар инам, ки бо иттифоқи нерӯҳои ҳукуматӣ ва басиҷи миллӣ якҷой биравем ба озод кардани вулусволиҳову вилоятҳо, яъне қадам ба қадам ҳамаро озод кунем.
- Оё бо меҳварҳои тоҷикии Ҳироту Панҷшеру Бадахшон робита доред?
- Бале, равобити хеле густарда дорем. Ин ҷанги ҳамаи мост. Бақои мо таҳти хатар аст. На фақат Ҳироту Панҷшеру Балх, балки дар сойири Афғонистон тоҷикон ҳузури густарда доранд ва мо бо ҳамаи онҳо робитаи танготанг дорем. Як амалиёти густарда ҳам, ки шуд, бар пояи тавофуқ миёни ин меҳварҳо сурат хоҳад гирифт.
- Фикр мекунед, бар Толибон* осон пирӯз меоед?
- Бале. Толиб қавӣ нест, пуштибонаш қавиву маккор аст, вагарна ин лашкари сиёҳи муздури ҷаҳолатро худи мардум бо каланду калтак меронад. Мушкил ин аст, ки мо на бо толиб, балки пуштибононаш меҷангем. Дар акси ҳол, ба итминон мегӯям, ки дар як ҳафта гилеми толибро аз Шимол ҷамъ мекунем.
- Чӣ гуна метавон аз тафриқаи сиёсӣ дар Афғонистон убур кард? Оё таҳдиди Толибон* як иттифоқро ба вуҷуд хоҳад овард?
- Тамоми мушкили мо ҳамин буд. Маҳз ихтилофоти табақавӣ сабаб шуд, ки мудирияти давлат заиф бошад ва душман рушд бикунад. Талоши мо бар ин аст, ки тамоми ихтилофоти чеҳраҳои сиёсӣ, сарони аҳзобу ақвом канор гузошта шавад ва барои манофеъи миллӣ, овардани амният ва дифоъ аз арзишҳо якдасту якфикр бошем.
Хезишҳои мардумӣ омодаи бозпасгирифтани Ватан аз Толибон ҳастанд
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Хонаҳоямон вайрону нонамонро гирифтанд: омодагии мардум барои набард бо Толибон - видео
- Мебинем, ки қисмати бузурги мардум ба нерӯҳои ҳукуматӣ таваҷҷӯҳ, ҳатто муҳаббат доранд, аммо ба ҳукумату раҳбаронаш, бахусус, раисҷумҳур камтарин ҳамнавоиро баён намекунанд...
- Бидуни шак, ман ин фикрро таъйид мекунам.
- Оё раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай мемонад ё меравад?
- Агар тарҳи сулҳ ба як натиҷа бирасад ва сулҳ ояд, ҳатман як тағйири бузург мешавад.

Сари мизу майдони ҷанг

- Толибон ҳам сари мизанд, ҳам дар майдони ҷанг. Мегӯянд, онҳо мехоҳанд дар қудрат аввал бошанд ва дигарон давру бари онҳо. Оё ин имкон дорад?
- Ҳеҷ имкон надорад. Аввал, ки Толибон* хатогии қаблии худро набояд такрор кунанд. Дуюм, дар Афғонистон ақвоми мухталиф ҳузур доранд. Мардум зулмро қабул надорад. Мо – тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва як қисмати бузурги паштунҳо зиндагии толибониро қабул надорем. Мардум намехоҳад зери фишору чакмаҳо ва шаллоқу кабел зиндагӣ кунад, занҳо дар чаҳордеворӣ асир бимонанд ва духтарон бесавод бошанд. Мо инкишофу тараққӣ ва маърифатро дӯст дорем. Мехоҳем дар қатори сойири кишварҳо обрӯманд бошем.
Агар Толибон* ба қудрат ҳам расанд, онҳо ҳукумат карда наметавонанд ва ҷанг давом мекунад.
- Як пешбиние, ки барои Афғонистон мекунанд, пошхӯрӣ аст. Агар кишвар шурӯъ ба фурӯпошӣ кунад, оё ҷомеаи тоҷикон ба думболи эҷоди давлати худ хоҳад буд?
- Тоҷикон як қавми бузург дар Афғонистонанд, на фақат ки метавонанд давлат эҷод кунанд, балки меҳвар низ бошанд, ки ақвоми дигар ба онҳо бипайванданд. Ин эътимодро шаҳид Устод Раббонӣ ва Қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд барои ҷомиаи Афғонистон камоӣ карданд. Ақвоми дигар ба мо эътимод доранд, ки як меҳвар бошем, тавре ки дар муқовимат ҳастем. Мо барои як Афғонистон воҳид тааҳҳуд дорем.
Пресс-конференция делегации правительства Афганистана перед вылетам в Доху на межафганские переговоры по миру  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: сулҳ ба Афғонистон бо гирифтани вулусволиҳо намеояд - видео
- Ба ҳамин қарибӣ як расонаи матраҳи русӣ, бо ширкати сафири собиқи Русия дар Афғонистон, собиқадорони КГБ ва коршиносони аршад барномае аз вазъи имрӯзи Афғонистон пахш кард. Он ҷо аксари кулли ширкатдорон гуфтанд, ки Русия дар эҷоди як Эътилофи Шимоли дуввум бояд саҳм бигирад. Ба ин чӣ назар доред?
- Ин як назари хуб ва воқеъбинона аст. Назаре, ки ба хайри худашон ҳам ҳаст. Мо мехоҳем, ки аз вазъи феълӣ завқзада нашаванд ва муттаҳидини стратегии худро фаромӯш накунанд.
- Оё бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва дигар мақомоти Тоҷикистон робита доред?
- Дар гузашта чандин бор бо ҷаноби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, вазирони хориҷа, дифоъ ва раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон суҳбат карда будам. Ҳоло агар ба манзили ман равед, акси бузурги ману ҷаноби раисҷумҳурро дар утоқи кориам мебинед.
Дӯстии самимонаи мо ҳаст, вуҷуд дорад. Аммо имрӯзҳо ҳоло тамосе дар бораи ин вазъият надоштем. Ман бо Тоҷикистон ифтихор мекунам. Тоҷикон бародари моянд. Дар сахттарин шароит дар замони муқовимат алайҳи терроризм аз мардуми Афғонистон ҳимоят карданд.
Майдони ҳавоиашон дар ихтиёри мо буд, муҳоҷирини моро паноҳ доданд. Бахусус, аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимоятҳояшон сипосгузорам. Дар умум, мо аз давлат ва миллати Тоҷикистон хуш астем.

Абдулло ва фирор

- Дар Тоҷикистон сари як нукта баҳс мешавад, ки чаро Шумо аз рафиқу ҳамҳизбии худ Доктор Абдулло буридед ва ба Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай пайвастед, ки дар интихоботи 2014 мухолифаш будед. Касе инро кори дуруст мехонад, касе нодуруст. Шумо чӣ мегӯед?
- Доктор Абдуллоро ман дар ду давраи интихоботҳои президентии Афғонистон, як бор дар соли 2009, бори дуввум 2014, бо тамоми тавон ва ҳазинаи зиёд ҳимоят кардам ва ба пирӯзӣ ҳам расондам. Аммо ба майли миллати мову ҳизби мо кор накард. Худи ман сахт хафа шудам. Ҳаққи ман буд, ки тасмимамро гирам. Бо касе қарордод ҳам накарда будам, ки аскару нӯкари касе бошам.
Касоне, ки аз ман интиқод мекунанд, на аз худи онҳо чизе сохта мешавад, на ягон зарфияту тавоноиву таърих доранд ва на алайҳи Шӯравиву Толибон* мубориза кардаанд. Аз рушди ман метарсанд. Шукри Худо, як мавқеву нерӯ дорам дар Афғонистон. Ин ҳамон дӯстонеанд, ки касро аз ақиб ба ханҷар мезананд. Инҳо як теъдоди каманд, Афғонистон бошад 35 миллион нуфуз дорад, ки миллионҳояш ҷонибдори мананд.
Мужчины с оружием в руках в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Шаллоқистон": таъқиби як ҷавони ошиқ аз сӯи "Толибон"* ва "андоз" - и ғалатӣ
Ман на дасти раисҷумҳур Ғаниро боло кардаам, на сараш кулоҳ гузоштаам, на камарашро баста кардаам, на вазираш шудаам, ё ягон вазифаашро гирифтаам. Волӣ будам, ки ба зӯри худ гирифтам ва бо хоҳиши худам рафтам. Аммо аксари онҳое, ки аз ман интиқод мекунанд, дар ҳар бахш – умури хориҷӣ, дифоъ, корҳои дохилӣ, сиҳат ва ғайра вазир, мушовир ва муовин буданд.
Вақте худашон мешаванд, гапе нест, аммо ман, ки ҳатто суҳбат кардам, чиғу фарёд мебардоранд, ки ана, хиёнат кард, муомила кард ва фурӯхт. Намефаҳмам, ки чиро муомила кардаму фурӯхтам. Ман бо раисҷумҳур барои манфиати миллати худам суҳбат мекунам, онҳо барои вазифа. Ҳоло худатон бигӯед, ки кӣ мефурӯшаду муомила мекунад?
- Суоли охирин: агар Толибон* шимол ва дар умум кишварро ишғол кунанд, Афғонистонро тарк мекунед?
- На хайр, ман дар канори мардумам мебошам, то ки кушта нашавам. Ҳатто дар замони муқовимат, ки аксари раҳбарони мо ба Тоҷикистон, кишвари дӯсти мо, фирор карданд, ё он ҷо рафта, меомаданд, ман нарафтам. Фақат як бор аз сафари берунӣ, ки меомадам, барои чанд соат дар Душанбе будам.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала