Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Бидуни фавт: эълони омори нави гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксЛечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Дар Тоҷикистон ягон ҳолати марг аз вируси корона дар давоми 24 соати гузашта ба қайд гирифта нашудааст, вале гирифторон ҳастанд
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст, вале 37 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.

"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 37 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 28 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.

Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирӣ то 16 июл дар кишвар 14037 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13659 нафар (97,4%) шифо ёфтаанд.
Вакцинация от COVID-19 в Душанбе
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Навбат барои сӯзандору: чигуна дар Душанбе ваксин мегузаронанд - навор
Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 110 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.
Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони кишвар ваксин гирифтанд ва маъракаи эмгузаронӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала