Оқибатҳои ногувори обхезӣ дар Олмон - видео

Обуна шудан
Дар натиҷаи боришоти шадид дар Олмон, дарёҳо аз соҳилҳо лабрез шуда, шаҳрҳои ғарби кишвар зери об монданд ва ҳазорҳо сокинон дар рӯйхати гумшудаҳо қарор гирифтанд
Ба навиштаи Bild, обхезии харобиовар дар ғарби Олмон ҷони 133 нафарро гирифт. Дар пайи боронгариҳои шадиди якҳафтаина дарёҳо лабрези об гашта ба шаҳрҳои наздисоҳилӣ рехтанд.
Ҳаракати васоити нақлиёт дар баъзе аз нуқтаҳои аҳолинишин қатъ гардид, чун роҳҳо харобу пулҳо валангор шуданд. Бо сабаби таҳдиди шикастани сарбанд дар панҷ ноҳияи Рейн-Вестфалияи Шимолӣ, кучиш оғоз шуд.
Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз обхезии маргбор дар Олмон: ба наздикони қурбониён сабр хост
Аз Триер, ки дар он ҷо дарёи маҳаллӣ сероб шудааст, 350 нафар наҷот дода шуданд. Дар ноҳияи Рейн-Эрфт вазъи фавқулода эълон шудааст.
Сокинони музофоти Аҳрвайлер бе барқ ​​ва телефон монданд. Дар натиҷаи обхезӣ дар минтақа беш аз ҳазор нафар нопадид шудааст.
Обхезии пурқурбонӣ дар Олмон: 14 акси изтиробовар аз ҷои ҳодиса
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 18 июн аз деҳоти аз офати табиӣ зарардида дидан хоҳад кард.
Ғайр аз Ҷумҳурии Федеративии Германия, Белгия ва Нидерландия зери об монданд.
Лентаи хабарҳо
0