Зани солхӯрдаи амрикоӣ орзуи дидори Ҳабибро дошт - Уайт вохӯриро барпо кард: аксу видео

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкБоец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Обуна шудан
Як мухлиси Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо плакат ба назди дафтари UFC омад. Дар он ҷо ӯро раҳбари созмон Дана Уайт дид
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт мулоқоти мубориз Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо мухлиси 66-солааш аз Калифорнияро ташкил кард.
Қаблан, зани амрикоӣ дар рӯзи зодрӯзаш бо плакат ба назди дафтари UFC омада буд.
Вай хоҳиш дошт, ки бо собиқ қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов акс гирад.
Уайт ба назди "эътирозгар" баромад ва ба ӯ ваъда дод, ки бо Нурмуҳаммадов мулоқот ташкил мекунад.
Конор аввалу Ҳабиб дуюм: номи сарватмандтарин размикорони ММА маълум шуд
Видеои сӯҳбати ин мухлиси солхӯрдаи Ҳабиб бо роҳбари UFC вирус шуд - онро беш аз 500 ҳазор маротиба тамошо кардаанд.
Баъдтар, ин созмон акси муштараки зани амрикоиро бо Нурмуҳаммадов дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

"Рисолат иҷро шуд! Зодрӯзи яке аз мухлисони ашаддии дастаи Ҳабиб муборак", - навишта шудааст дар зери акс.

Ёдовар мешавем, ки варзишкори номӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз мағлуб кардани Ҷастин Гетҷе моҳи октябри соли гузашта, тарки октагон кард.
Лентаи хабарҳо
0