ВАО: Путину Байден пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве
Встреча президентов России и США В. Путина и Дж. Байдена в Женеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ метавонанд ба кишварҳо дар назорати вазъи Афғонистон кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва роҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден зимни музокирот дар Женева пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо такя ба манбаъҳояш хабар додааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон ва пойгоҳи қирғизии "Кант" аз ҷониби роҳбарони давлатҳо дар заминаи ҳамоҳангсозии якҷояи вазъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд.
Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Байден, сипос барои силоҳ!": Толибонро дар Афғонистон кӣ дастгирӣ мекунад
Ҳамкории Русия ва Амрико дар ин соҳа ба кишварҳо кӯмак мекунад, ки дар бораи вазъи ҷумҳурӣ маълумоти мубодила кунанд.
Манбаъҳо қайд мекунанд, ки бо ин роҳ Маскав кӯшиш мекунад, ки аз бунёди пойгоҳҳои ИМА дар минтақа ҷилавгирӣ кунад.
Аммо, намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод аз шарҳи ин маълумот худдорӣ кард.
Котиби матбуоти Путин Дмитрий Песков ба РБК тасдиқ кард, ки вазъи ноустувори ҷумҳурӣ воқеан аз ҷониби сарони давлатҳо дар нишасти Женева баррасӣ шудааст.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Шарҳи Лавров дар бораи пойгоҳи низомии ИМА дар Тоҷикистон
Аммо сухангӯи Кремл дақиқ нагуфт, ки оё президентҳо дар бораи пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ ҳарф заданд ё не.
Ёдовар мешавем, ки бо оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон аъзои ҳаракати террористии Толибон, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст, фаъолтар шуд.
Ҷангҷӯён забт кардани музофотҳо ва шаҳрҳои кишварро идома медиҳанд, Ҳамзамон нерӯҳои амниятӣ барои бозпас гирифтни он вориди ҷангҳои шадид шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала