Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Қирғизистон омода аст, афғонҳои дар Тоҷикистон бударо қабул кунад

© Фото : Пресс-служба Государственной службы миграцииЖизнь памирских кыргызов
Жизнь памирских кыргызов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Мақомоти давлатӣ вазифадор шудааст, ки маконро омода кунад ва шароити заруриро фароҳам созад
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Жилдиз Бакашова дар ротиба бо вазъи қирғизҳои этникии Помири Хурд, ки марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур кардаанд ва муваққатан дар Тоҷикистон ҳастанд, ҷаласа баргузор кард.
Дар ҷараёни нишаст гузориши Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шунида шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

"Вазорати корҳои хориҷӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ва Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон корҳои мувофиқро барои интиқоли минбаъдаи қирғизҳои афғон ба қаламрави Қирғизистон анҷом медиҳад. Қирғизистон омода аст онҳоро қабул кунад", - омадааст дар хабарнома.

Ба мақомоти давлатӣ супориш дода шудааст, ки маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба интиқол, омода кардани макон, ташкили инфрасохтори зарурӣ, расонидани ёрии тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба қирғизҳои этникӣ таҳия кунанд.
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Қирғизистон барои интиқоли қирғизҳои Афғонистон аз Тоҷикистон кумак хост
Ба Вазорати корҳои хориҷӣ инчунин супориш дода шуд, ки масъалаи расонидани кӯмаки тиббиро тавассути созмони байналмилалии башардӯстонаи "Табибони бидуни марз" таҳия кунад.
Афганская женщина с тремя детьми  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
КДАМ аз фирори 77 қирғизи Афғонистон ба Мурғоб хабар дод
Пештар маълум шуд, ки 347 қирғиз аз Помири Хурд аз тарси "Толибон" дар Тоҷикистон паноҳ бурданд. Ҳангоми убури марз ду тифл фавтиданд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала