Ҳодисаи нохуш дар роҳи "Хуҷанд-Ашт": ронанда ҷавони 25 -соларо пахш кард

© SputnikМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Садамаи маргбор дар роҳи "Хуҷанд-Ашт" ҷони ҷавони 25 -соларо гирифт
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Дар паи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ҷавони 25 - сола зери чархи худрав ҷон аз даст дод, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Бино ба гузориши ВУД, ҳодисаи мудҳиш, рӯзи 15-уми июл, тахминан соати 16:30-дақиқа рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави "Опел-Астра", М,П,С. ҳангоми ҳаракат дар роҳи "Хуҷанд-Б.Ғафуров-Ашт" аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Ду садамаи маргбор: Зумрат ва Меҳровар бо мошинҳояшон ду нафарро пахш карданд
Ронанда сокини 42-солаи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров будааст.
Ӯ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ё.Ф.Л -ро пахш намудааст.
Роҳгузар сокини 25-солаи ҷамоати деҳоти Д.Холматови ҳамин ноҳия будааст.
"Дар натиҷа пиёдагард Ёқубов Ф.Л ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала