Сабти аввалин гирифтори коронавирус дар “Деҳаи Олимпӣ"-и Токио

© REUTERS \ Issei KatoФакелоносцы в сопровождении конвоя во время эстафеты Олимпийского огня в Токио-2020 в префектуре Фукусима, Япония
Факелоносцы в сопровождении конвоя во время эстафеты Олимпийского огня в Токио-2020 в префектуре Фукусима, Япония - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Обуна шудан
Аввалин ҳолати коронавирус дар “Деҳаи Олимпӣ"-и Токио макони баргузории бозиҳои тобистонаи олимпӣ сабт шуд.
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Сомонаи кумитаи тадорукоти олимпӣ дар ин бора хабар дода, аммо дар бораи шаҳрвандӣ, ҷинс ва синну соли бемор хабар дода надодааст.
Илова бар ин, тақрибан 15 ҳолати нави сироят дар байни афроде, ки бо ташкили Бозиҳо сари кор доранд, муайян карда шудааст.
Ташкилкунандагон номҳои шахсони сироятёфтаро бо эҳтироми ҳуқуқи онҳо ба махфият ифшо намекунанд.
Бозиҳои олимпии Токио мебоист тобистони соли 2020 баргузор мешуд. Аммо, бинобар пандемияи коронавирусӣ, нақшаҳои мусобиқа вайрон карда шуданд ва Бозиҳо барои як сол мавқуф гузошта шуданд.
Талисман Летней Олимпиады в Токио Miraitowa позирует сзади Олимпийских колец после мероприятия по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Олимпиадаи Токио-2020 баргузор мешавад, вале бидуни мухлисон
Дар назар аст, ки ин мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ аз 23 июл то 8 август баргузор мешаванд, ки бидуни мухлисони хориҷӣ баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 11 нафар иборат мебошад.
Аз номи Тоҷикистон Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) барои медали олимпӣ зӯрозмоӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0