Шӯрои уламо ба калонсолону кудакон: аз идгардак худдорӣ кунед

© SputnikСвященный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон
Священный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Шӯрои уламои Тоҷикистон дар муроҷиатномае бо назардошти вазъи эпидемиологӣ аз бузургону хурдсолони кишвар даъват кардааст, ки дар рӯзи Иди Қурбон аз идгардак худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Тибқи изҳороти Шӯрои уламо, одатан дар рӯзҳои ид мардум, хусусан кӯдакон ба идгардак мебароянд, ки дар чунин вазъ хатари сироятёбиро бештар мекунад.
“Аз хона ба хона, аз маҳалла ба маҳалла рафта, рўзи дароз дар назди дари мардум бо дасти дароз оворагардӣ мекунанд. Бояд донист, ки аз сабаби хона ба хона гаштани хурдсолон, дар рӯзи ид хатари сироятёбӣ ва сирояткунонии дигарон ба маротиб меафзояд”,- афзудааст манбаъ.
Гурӯҳи дигари талабагон ба хонаҳо омада, маҷбуран оят мехонанд. Ҳол он, ки худ саводи динӣ надоранд ва ҳатто сураи фотиҳаро ѓалат мехонанд, афзудааст Шӯрои уламо.
Ба таъкиди ин ниҳод, кӯдакон бояд ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд, на ин ки дар кӯчаву хиёбонҳо беҳуда гаштугузор намоянд.
“Мувофиқи таълимоти шариат риояи муқаррароти муроҷиатномаи Шўрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар шарт аст. Аз ин рў, тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кўдакон худдорӣ намоянд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Утренняя молитва в мечети в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Аз таҳдиди масҷидбандӣ то талаб аз намозгузорон дар Иди Қурбон: муроҷиатномаи Шӯрои уламо
Шӯрои уламо аз ҳамаи сокинон даъват кардааст, ки барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконатон ҳатман аз ваксинатсия гузаранд, зеро эмгузаронӣ (ваксинатсия) ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат аст.
Ҳамзамон ин ниҳод аз кулли намозгузорон даъват кардааст, ки рӯзи ид ба намозгоҳ бо дастпӯшак ва ниқоб оянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала