Аз таҳдиди масҷидбандӣ то талаб аз намозгузорон дар Иди Қурбон: муроҷиатномаи Шӯрои уламо

© SputnikУтренняя молитва в мечети в городе Душанбе
Утренняя молитва в мечети в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Шахсони пиронсол, ки гурӯҳи осебпазир маҳсуб меёбанд, инчунин онҳое, ки бемориҳои музмин доранд, бояд қатъиян ба масҷид наоянд ва намозҳои худро дар хона адо намоянд.
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома оид ба намози Иди Қурбон ба намозгузорон гуфтааст, бо назардошти вазъи пандемтя дар кишвар аз эҳтиёт кор бигиран
Ин ниҳод ба намозгузорон гуфтааст, ки бамасъалаи риояи қоидаҳои беҳдошт, масофаи иҷтимоӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва пӯшидани ниқоб таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намудан намоянд.
“Шахсони пиронсол, ки гурӯҳи осебпазир маҳсуб меёбанд, инчунин онҳое, ки бемориҳои музмин доранд, бояд қатъиян ба масҷид наоянд ва намозҳои худро дар хона адо намоянд. Шахсони солим низ бояд кӯшиш кунанд, ки худ ва аҳли хонаводаашонро таҳти хатари сироятёбӣ қарор надиҳанд ва то ба эътидол омадани вазъият зимни ба масҷид омадан аз эҳтиёт кор бигиранд”, - омадааст дар муроҷиатнома.
Шахсоне, ки ба масҷид меоянд, ҳатман бояд ниқоб дошта бошанд, аз маҳлулҳои безараргардонанда истифода намуда, дастпӯшак пӯшанд ва ҳатман масофаи иҷтимоиро риоя кунанд, афзудааст мнбаъ.
Аз ходимони масҷид бошад, тақозо шудааст, ки барои таъмини муҳити безарар тамоми чораҳои заруриро андешида, риояи онро аз ҷониби намозгузорон қотеона талаб намоянд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ба асоси таҳлилҳо дар баъзе масҷидҳо қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ба таври лозимӣ риоя намегарданд ва аз ин сабаб ҳолатҳои сироятёбӣ ба маротиб меафзояд.
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Иди Қурбон дар Тоҷикистон бо намози дастаҷамъона доир мешавад
“Аз ин рӯ, эҳтимолияти он вуҷуд дорад, ки масҷидҳое, ки дар онҳо қоидаҳои беҳдошт риоя намегарданд, муваққатан баста шаванд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки худамон сабабгори баста шудани масҷидҳо ва аз ибодати дастаҷамъӣ дур мондани мардум нагардем”, - афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки дар ин рӯз одамони зиёд барои хондани намози ид ба масҷидҳо ҳозир мешаванд. Тавсия дода мешавад, ки одамон ба масҷидҳои марказӣ ҳозир нашуда, намози идро дар масҷидҳои назди хонаашон адо намоянд, зеро хатари сироятёбӣ зиёд мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала