Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ӯзбекистон аз ИМА бораи паноҳ додани афғонҳо дар қаламрави худ, дархост гирифтааст

© Sputnik / А. Соломонов / Гузариш ба медиабонкАфганские беженцы. Архивное фото
Афганские беженцы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Обуна шудан
Вашингтон мехоҳад афғонҳоеро, ки ба онҳо кумак мекарданд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барҷой кунад?
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон барои дастгирии афғонҳое, ки ба ИМА кумак мерасонанд, муроҷиатнома қабул кардаанд, менависад РИА Новости бо истинод ба як манбаи огоҳ.
Қаблан Bloomberg хабар дода буд, ки маъмурияти президент Ҷо Байден дар пасманзари хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон, аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон хостааст, тақрибан нӯҳ ҳазор афғонеро, ки ба ИМА кумак мерасонанд, муваққатан дар заминҳои худ, ҷойгир кунанд.
"Бале, мо чунин муроҷиатнома гирифтем. Аммо ин як масъалаи хеле душвор аст", - гуфт мусоҳиби оҷонсӣ дар ҳошияи конфронси байналмилалии "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Пайвасти минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо", ки рӯзҳои 15-16 июл дар Тошканд баргузор шуд.
Вай тавзеҳ дод, ки аз нуқтаи назари башардӯстӣ, ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти одамон зарур аст.
Мужчины с оружием в руках в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Шаллоқистон": таъқиби як ҷавони ошиқ аз сӯи "Толибон"* ва "андоз" - и ғалатӣ
"Аз тарафи дигар, мо шоҳиди изҳороти "Толибон"* ҳастем, ки онҳо ҳамаи афғонҳоро, ки дар Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО кор мекарданд, мебахшанд", - гуфт манбаъ.
"Онҳо (Толибон - таҳрир) даъват мекунанд, ки ватани худро тарк накунанд, балки барои зодгоҳашон хидмат намоянд. Аз ин рӯ, ҳалли ин масъала барои мо ҳассос аст, ҷои фикру мулоҳиза аст", - гуфт манбаъ.
Рӯзи ҷумъа вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ташаббуси амрикоиҳоро дар бораи ҷойгир кардани афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ шарҳ дод.
Ба гуфтаи вазири Русия, роҳбарони тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳама хатарҳои дар ин нақшаҳо мавҷудбударо хуб медонанд ва дар асоси манфиатҳои худ тасмими дуруст мегиранд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Нигаронии Сергей Лавров аз вазъи Афғонистон: авзоъ бадтар мешавад
Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.
Ҷанг барои осмон: оё миёни Туркия ва "Толибон"* дар Афғонистон ҷанг мешавад?
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
* - ташкилоти террористие, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар фаъолияташ манъ аст.
Лентаи хабарҳо
0