Ихтисоси 5 миллион доллар барои барқарорсозии Қаҳқаҳаи Ишкошим

Храм двенадцати апостолов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Ҳадс зада мешавад, ки агар чанд соли оянд ин қалъа таъмир ва барқарор нашавад, пас комилан аз байн хоҳад рафт
ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Дар ВМКБ дасти кам 150 лоиҳаи мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ бояд бо кӯмаки молии Бонки ҷаҳонӣ ва ҳамчунин Вазорати молия амалӣ гардаднд.
Ба ин феҳраст Қалъаи Ямчун ё худ Қаҳқаҳаи водии Вахони ноҳияи Ишкошим ҳам шомил гардид, ки барои таъмиру барқарорсозии он 5 миллион доллар ихтисос дода шудааст.
Агентии Ховар таърихи пайдоиши ин қалъаро аз қавли номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоҳинбеков чунин менаисад, ки пайдоиши қалъаи Ямчун ба асрҳои 1-3 пеш аз мелод рост меояд.
Президент Академии наук Таджикистана доктор физико-математических наук, профессор Фарход Рахими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2020
Президент сабаби Вахон ном гирифтани Шитхарвро шарҳ дод
Ин қалъа аз ҷониби пешиниёни сулолаи Кӯшониён аз Бадахшони шарқӣ, ки дар шимоли Покистон сукунат доштанд, бунёд ёфтааст.
"Бо бунёди қалъа давлати Кӯшониён марзи шарқии худро дифоъ менамуд ва ҳам амнияти корвонро, ки аз ин қисмати роҳи бузурги абрешим дар ҳаракат буданд, таъмин мекард", - тавзеҳ додааст Шоҳинбеков.
Гуфта мешавад агар чанд соли дигар ин қалъа таъмиру бозсозӣ нашавад, он гоҳ хатари комилан аз байн рафтанаш ҷо дорад.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи шӯъбаи сайёҳии ВМКБ, Синбод Амонбеков изҳор доштааст, ки қабл аз хуруҷи пандемия даҳҳо сайёҳ аз ин макон боздид ба амал оварданд. Мавсуф мегӯяд, бо таъмиру барқарор шудани қалъа сафи сайёҳон ҳам метавонад афзоиш ёбад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Ишкошим ба ҷуз қалъаиа Ямчун боз 5 қалъаи дигар мавҷуданд, ки дар давраи қабл аз исломӣ пайдо шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала