Дар Ҳиндустон тифл бо се сар таваллуд шуд - навор

© REUTERS / Luis CortesМедсестра с зараженным коронавирусом новорожденным в роддоме в Толуке, Мексика
Медсестра с зараженным коронавирусом новорожденным в роддоме в Толуке, Мексика - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Ҷараёни ҳомиладории зан хуб гузашт ва аз ягон чӣ шикоят надошт. Аз ин рӯ, пайвандони ӯро таваллуди тифл бо се сар ҳайратзада намудааст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар иёлати Уттар -Прадеш тифле ба дунё омадааст, ки якбора се сар дорад.
Манобеи DailyStar менависад, ки ҷараёни ҳомиладории модари ин тифл хуб гузашт ва ӯ аз ягон чӣ шикоят надоштааст. Аммо чун кӯдак ба дунё омад, пайвандони ӯ ҳама дар шигифт афтоданд, зеро навзод се сар дошт.
Аксу навори тифли ба дунё омада зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Аз наворҳо маълум аст, ки ду сари иловагӣ ба саре, ки бидуни нуқс аст ва хуб инкишоф ёфтааст, пайваст мебошанд.
Манбаъ меафзояд, вазъи модару кӯдак хуб буда, пизишкон онҳоро аз бемористон мураххас намуданд.
Новорожденный, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Рекорди нав: зани 37 - сола якбора 10 фарзанди солим таваллуд кард -акс
Сокинони ин иёлат ӯро таҷассуми Худо дар рӯи замин меҳисобанд ва ҳамарӯза теъдоди зиёди "тамошобинон" ба хабаргирии кӯдак меоянд.
Феълан назари пизишконе, ки шоҳиди бевоситаи таваллуди ин тифл буданд, маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала