Хонаи нави помирӣ дар Маскав: мақсад - фарзанди муҳоҷир фарҳангашро донад – видео

Дар шаҳри Маскав дар минтақаи мавсум ба Черкизово хонаи ҷадиди бадахширо бунёд кардаанд, ки ба макони таҷаммӯи намояндаҳои наслҳои гуногун мубаддал шудааст
Хонадароён дар манзили нави бадахшӣ ҳафтаи равон бо риояи оинҳои мардумӣ ва бо дуои бузургон сурат гирифта, ҳамарӯза дар ин макон чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ – фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Бунёдгарони манзил мегӯянд, ҳадаф - муаррифии фарҳангу пайванди наслҳо мебошад, аз ҷумла онҳое, ки дур аз ватан бузург шуда истодаанд, муҳиту фарҳанги аҷдодияшонро фаромӯш накунанд.
Дар ин ҷо баробари сурудҳои муосири мардумӣ инчунин мадҳияхонӣ баргузор мегардад, ки садсолаҳо таърих дорад. Хонаи бадахширо бунёдгаронаш рамзи ҳамгироию муттаҳидӣ гуфта, изҳори умед кардаанд, пайвандҳо гусаста нахоҳанд шуд.
Хонаи помирӣ ё ба забони рушонӣ ва шуғнонӣ чод ва чид мегӯяндаш, манзили суннатии мардуми Кӯҳистони Бадахшон аст, ки таъриху фарҳангу ҳунарро дар худ ҷой додааст. Ин хона аз сангу гилу чӯб сохта мешавад ва ҳар тоқу синҷу сутун нақши маънавӣ ва намоди худро дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала