Дар иди Қурбон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Обуна шудан
Ҳавошиносон то 19 июл дар Суғду ВМКБ фаромадани селҳои пиряхиро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад. Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, то 20 июл дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дамои ҳаво то 36+43 дараҷа тафсон мешавад.
Аммо дар аксар минтақаҳо боридани борон, вазиши боди шадид ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, 18-21 июли соли равон дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
Дар вилояти Суғд низ бод бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳамзмон дар ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор ба амад меояд.
Манбаъ меафзояд, аз 16 то 19 июл дар вилояти Суғд ва ВМКБ фаромадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Имсол дар Тоҷикистон Иди Қурбон, яке аз ҷашнҳои мусалмонони дунё санаи 20 июл таҷлил карда мешавад.
Ёдовар мешавем, соли гузашта бинобар вазъи ногувори пандемия дар кишвар намози дастаҷамъонаи Иди Қурбон доир нагашт.
Утренняя молитва в мечети в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Аз таҳдиди масҷидбандӣ то талаб аз намозгузорон дар Иди Қурбон: муроҷиатномаи Шӯрои уламо
Моҳи майи соли ҷорӣ бошад намози Иди Рамазон бинобар беҳ шудани вазъ доир гашт, аммо мақомоти тоҷик баъди беш аз панҷ моҳ санаи 21 июн дигарбора аз хуруҷи коронавирус дар кишвар хабар доданд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0