Нахустин голи футболбози тоҷик дар Белорус ва шикасти "Динамо Минск"

© сомонаи “Торпедо БелАЗ” – и БелорусШаҳром Самиев, ҳамлагари тими мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки дар дастаи “Торпедо БелАЗ” – и Белорус бозӣ мекунад
Шаҳром Самиев, ҳамлагари тими мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки дар дастаи “Торпедо БелАЗ” – и Белорус бозӣ мекунад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Обуна шудан
Тими “Торпедо БелАЗ” – и Белорус, ки ахиран ҳамлагари тоҷикистонӣ ба он пайваст, дастаи “Динамо Минск” – и ин кишварро шикаст дод
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Шаҳром Самиев, ҳамлагари тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ҳайати дастаи “Торпедо – БелАЗ” дар майдони худ дар шаҳри Жодино нахустин голашро ба ҳадаф расонда, тими меҳмон “Динамо Минск” – ро шикаст дод. Ин мусобиқа дар доираи даври 16-уми Чемпионати Белорус баргузор шуда, феълан тими Самиев бо 19 хол дар зинаи 10-ум қарор дорад.
Тавре дар сомонаи “Торпедо – БелАЗ” хабар дода шудааст, Самиев дар дақиқаи 19-ум ҳисобро кушод. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт.
Шаҳром Самиев, ҳамлагари тими мунтахаби Тоҷикистон мебошад, ки бо бошгоҳи "Торпедо-БелАЗ" –и шаҳри Жодинои Белорус шартнома ба имзо расонд.
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи футболбозони наврас дар шаҳри Гулистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Президент барои ҳар медали олимпӣ аз Токио аз захираҳо пул медиҳад: чанд сомонӣ?
Дар бораи пайвастани Самиев ба тими белорусӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон, аввали моҳи равон хабар дод. Ӯ қаблан дар тими молдавии “Динамо Авто” ба ҳайси бозигари кироя ҳунарнамоӣ мекард.
Дар мавсими 2020/21, Самиев дар ҳайати “Динамо-Авто” дар дивизиони миллии Молдова 19 бозӣ гузаронида, ҳафт гол задааст.
Дар вақтҳои гуногун Самиев инчунин дар бошгоҳҳое, ба монанди "Барқӣ", "Данғара" ва "Истиқлол" бозӣ мекард. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев 10 бозӣ гузаронида, дар онҳо чор гол задааст.
Лентаи хабарҳо
0