Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Ин толиб нест, ДОИШ* аст" – мусоҳибаи тасодуфӣ бо фармондеҳи Дӯстум

© Sputnik Низомиддин Қайсорӣ, Раҳбари Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон
Низомиддин Қайсорӣ, Раҳбари Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Обуна шудан
Низомиддин Қайсорӣ, яке аз фармондеҳони маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, мегӯяд, дар ниҳояти ин буҳроне, ки дар шимоли ин кишвар ба вуҷуд омадааст, “байрақҳои сафед ба байрақҳои сиёҳ табдил меёбанд”
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik, Фахриддин Холбек. Мусоҳиба бо Қайсорӣ комилан тасодуфӣ буд. Ҳангоми бозгашт аз урдугоҳҳои беҷошудагон дар вулусволии Наҳри Шоҳӣ хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба Мазори Шарифро пайдо накард, зеро низомиён ба далели ҳузури Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон, дар шаҳр, ҷодаҳоро баставу ҳаракати нақлиётро масдуд карда буданд.
Ҳаракат аз як тангкӯча ӯро ба хонаи Низомиддин Қайсорӣ овард. Фармондеҳи маъруф дар қиёс бо дигар чеҳраҳои шинохтаи Афғонистон, ки дар интизории суҳбаташон рӯзҳову ҳафтаҳо кор аст, зуд ба мусоҳиба ризоят дод.
Қайсорӣ як фармондеҳест, ки дар шимол, бахусус, вилоятҳои ӯзбекнишини Форёб, Кундуз, Тахор ва Ҷузҷон ҷонибдору нерӯ дорад, аммо вақтҳои ахир ба далели суқути зодгоҳаш - вулусволии Қайсори вилояти Форёб ба дасти Толибон* мавриди интиқодҳо қарор гирифтааст. Фармондеҳ на фақат ки бо Толибон* наҷангид, балки аслан дар Қайсор ҳузур надошт.
Аммо суоли нахусти мо аз суқути бесобиқаи вулусволиҳои шимол буд.

- Ин чӣ вазъ аст? Дар Афғонистон чӣ мегузарад

- Як вазъи хеле хароб ва нигаронкунанда аст. Мардум ташвиши сахт доранд. Шахсан бар инам, ки тавтиаи бузурге дар роҳ аст. Аксари манотиқро толиб гирифт. Толиб* ҳам хайр аст, ДОИШ* вориди майдон шудааст. Ман маълумоти мувассақ дорам, ки ин ҳама манотиқ ба ДОИШ *таслим мешавад.

- Ин ДОИШ* аз куҷо пайдо мешавад?

- Ҳамин Толибон* ба ДОИШ* табдил меёбанд.

- Чӣ тур?

- Одӣ. Байрақҳои сафед сиёҳ мешаванд ва минтақаҳое, ки дар дасти Толибонанд, амалан дар ихтиёри ДОИШ* қарор мегиранд.

- Пушти ин кор кист?

- ISI – созмони истихборотии Покистон. Тамоми икмолотро ин созмон анҷом медиҳад ва аз лиҳози низомиву сиёсӣ ин барномаро пуштибонӣ мекунад.

- Шумо зодаи Қайсоред ва фармондеҳи мардумии ин минтақа маҳсуб мешавед. Чаро вақте Толибон* ба ин вулусволӣ ҳамла карданд, ҳузур надоштед?

- Вақте ман дар Қайсор фармондеҳи пулис будам, як нафар толиб ҳам ҳузур надошт. Вазъ комилан таҳти назорати ман буд. Аммо вақте ду соли пеш алайҳи ман тавтиа сурат гирифт ва маро бо фиребу найранг боздошт намуда, ба Кобул бурданд ва 6 моҳ бандӣ карданд, дар Қайсор толиб ҷои по пайдо кард.

- Чаро Шуморо боздошт карданд?

- Ин як тавтиаи ISI буд, ба он хотир, ки ман набояд дар Қайсор ва дигар вулусволиҳо дар Форёбу Кундуз ва Ҷузҷон ҳузур дошта бошам, то онҳо тавонанд озодона толибро дар ин манотиқ рушд диҳанд. Ҳоло ҳамаи он манотиқеро, ки ҷонибдорони ман ҳастанд, толиб гирифт. Ин тавтиа дар ҳамдастӣ бо Раёсати амнияти миллии Афғонистон анҷом шуд.

- Бархе мегуфтанд, ки ҳадаф аз боздошти Шумо заиф кардани мавқеи маршал Дӯстум аст...

- Танҳо ин нест. Ин тур аст, ки дар ин кор Покистон ва ҳамдастонаш дар буҳрони Афғонистон низ танҳо нестанд. Пушти онҳо дигар кишварҳои қудратмандтар истодаанд.

- Кадом кишварҳо?

- Феълан номбар карда наметавонам, аммо ҳастанд. Покистон ва пуштибононаш мехоҳанд, ки шимол ва шимолу шарқро батамом таҳти назорат гиранд ва аз ин соҳа як пойгоҳи бузурги терроризм ҷӯр кунанд. Асли ҳадаф кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русияву Чин ҳастанд.

- Чанд рӯзи қабл дар як суҳбататон гуфтед, ки ҳукумати Афғонистон Шуморо намегузорад, то бо Толибон* биҷангед. Чаро?

- На фақат ҳукумат, балки тақозои барнома ҳамин аст, ки ман ва монанди ман нерӯҳои зиддитолиб дар майдон набошем. Гуфтам ку ин ҷо тавтиа, як барнома, ҷанҷоли зиёд аст, ки ҳамаро гуфта намешавад. Дар акси ҳол, агар мегузоштанд, ки Маймана равам ва як қитъаро дар ихтиёрам мегузоштанд, иҷоза намедодам, ки кор ба ин ҷо кашад. Вазъ хеле тағйир мехӯрд ва ба ин ҷо намерасид. Ҳоло ҳам агар имконият диҳанд, омодаам иқдом кунам.

- Оё бо маршал Дӯстум тамос доред? Медонед, ки чӣ ҳол дорад?

- Бале, қариб як ҳафта шуд, ки тамос гирифта будам. Вазъашон хуб аст, ҳамин рӯзҳо меоянд.

- Агар он кас баргардад, мешавад ба он кас пайвандед ва вориди ҷанг шавед?

- Бале, чаро не? Баргардад, ҳатман ҳамроҳ мешавем ва толибро мезанем. Афғонистон ватани мост, хонаи мост. Мо бояд толибро саркӯб кунем, зеро барномаи бад дорад.

- Ҳоло аз Қайсор чӣ хабар доред? Он ҷо чӣ мегузарад?

- Он ҷо гап зиёд аст. Масалан, хонаи маро бо булдозер ҳамвор кардаанд. Семанзила буд. Чаппа карда, ба замин яксон карданд. Мардумро сахт озор медиҳанд. Як Қайсор не, тамоми вулусволиҳо дар балои толиб мондаанд. Таҳдиду таҳқир, дар умум ҳар чӣ хоҳанд мекунанд. Ба мардум гуфтаанд, ки шумо сагҳоятонро бандед, то “муҷоҳидин” агар шаб оянд, сагҳо боз ва дарвозаи касе ҳам баста набошад. Кор ба ин ҳад расидааст.

- Хуб, нерӯҳои зиддитолибон дар шимол зиёданд. Оё зарурати эҷоди муқовимати дуввум ва таъсиси Ҷабҳаи муқовимат ё Эътилофи Шимоли дуввум ҳаст?

- Ман ҷонибдори ин гуна эътилоф ҳастам, ҳеҷ мухолиф нестам. Аммо гап дар сари роҳбарони сиёсии шимол аст. Маршал (Дӯстум) рафт хориҷ, Устод (Ато Муҳаммади Нур) дар хонааш хоб аст. Кӣ бикунад? Ман дирӯз ҳам гуфта будам, ки бояд як эътилоф кард ва ба ҳам омад. Ҳукумат ҳам бояд кӯмак кунад. Агар ин кор нашавад, Шимол баста суқут хоҳад кард.
* ДИИШ ва Ҷунбиши ҳаракати Толибон дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ мебошанд
Лентаи хабарҳо
0